Коронавирус «COVID-19»

Коронавируси навъи нав-«COVID-19» дар Тоҷикистон

Ба гигиенаи шахсӣ риоя намоем, ки ин омили асосии пешгирӣ мебошад

Шаш моҳ мешавад, ки қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон бемории сироятии навъи нав Коронавируси КОВИД-19 доман паҳн карда, сафи мубталоён ва фавтидагонро бештар месозад. Он дар нимаи моҳи ноябри соли 2019 дар музофоти Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин пайдо шуда, то ба имрӯз қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро ба бемории сироятӣ гирифтор кардааст. Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ вируси навро «COVID-19» ном дод ва аз олимон ва мутахассисон даъват кард, то давои ин вируси марговарро ҳарчӣ зудтар пайдо кунанд.
Вируси нав аз одам ба одам мегузарад ва суръати паҳншавии он назар ба зукоми оддии мавсимӣ тезтар аст. Дар ин маврид одамон аз мулоқот, сафари корӣ ва тафреҳӣ худдорӣ карда, бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси нав, сиёсатмадорон ҳолатҳои фавқулода эълон намуданд, ҳалли дигар масъалаҳои мубрамро ба қафо гузоштанд. Мақомоти кишварҳо чорабиниҳои оммавӣ ва маҷлисҳоро боздошта, донишгоҳҳо ва семинарҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, осорхонаҳо, тарабхонаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ баста шуданд. Сарҳади кишварҳо баста шуда, шаҳрҳои хурду бузург дар муҳосира монданд. На танҳо дар Хитой, балки дар кишварҳои дигари ҷаҳон дарвозаи баъзе шаҳрҳо, ки дар он ҷо авҷи коронавирус ба амал омадааст, пурра баста шудаанд.
11-уми марти соли 2020 бемории сироятии Коронавируси навъи КОВИД-19 аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемия эълон карда шуд. То имрӯз дар тамоми ҷаҳон беш аз 4,7 миллион нафар ба коронавирус сироят ёфта, зиёда аз 300 ҳазор нафар ҷон бохтааст. Аламовараш он аст, ки ягон давлати ҷаҳон, ҳатто абарқудраттарини онҳо бар зидди ин бемории марговари сироятӣ даво ёфта натавониста истодаанд. Он вируси пурқуввате мебошад, ки метавонад мутатсия шуда, ба кадом кишваре, ки равад, худро ба иқлими он ҷо мутобиқ месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам амсоли дигар кишварҳои ҷаҳон натавонист пеши ин вируси навъи нав истодагарӣ кунад, бинобар ин 30-юми апрели соли 2020 аз пайдоиши аввалин сироятёфтагон дар миқёси ҷумҳурӣ расман эълон гардид. Мутобиқи иттилои расмӣ то имрӯз дар ҷумҳурӣ 2140 нафар мубталои ин беморӣ буда, аз ин миқдор 41 нафар фавтидаанд.
{укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз сироятёбии бошиддат тамоми чораҳоро андешида, пайваста мардумро талқин месозанд, ки ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, ки ин омили асосии пешгирӣ мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии аҳолии кишвар, махсусан табибону оилаҳои сироятёфта кӯмакҳои моддии худро расонида, халқро бовар мекунанд, ки ин ҳама мушкилиҳо мегузаранд ва мардум боз ба рӯзҳои нек мерасанд. Барои ин, танҳо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, доштани масофа байни ҳамдигар, маҳдуд кардани равуо ва бидуни зарурат баромадан ба берун омили асосии қатъ шудани сироят байни сокинони кишвар мебошад.
Пешвои муаззами миллат кӯмаки моддии худро ба вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ расониданд. Аз он ҷумла, ба сокинони мардуми вилояти Суғд-140 мошини пурбор, ба мардуми ВМБК-46 мошини пурбор, ба сокинони вилояти Хатлон-160 мошини пурбор, ба бошандагони ноҳияҳои тобеи марказ-40 мошини пурбор дар муддати кӯтоҳ дастрас гардид, ки мардуми созандаи мамлакат аз ин кӯмаки хайрхоҳона изҳори хушнудӣ мекунанд ва миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар баён доштанд.
Кӯмаки моддии мазкур, ки ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, минҷумла, вилояти Суғд дастрас гардид, аз маводи ниёзи аввал ва маводи тиббӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, 900 тонна маводи озуқа ва дорувориҳо маблағи умумии он беш аз 6,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин кӯмак ба муассисаҳои тиббии вилоят, шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони ҳозиқ дастрас карда мешавад. Маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал-орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат буда, маводи тиббӣ-аз номгӯӯи дорувориҳое, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ барои табоботи бемории Коронавирус муқаррар кардааст ва дигар лавозимоти тиббӣ, аз қабили корҷомаҳо, ниқобу дастпӯшҳо ва бастаҳои гигиенӣ фароҳам оварда шудааст.
Кӯмаки саривақтии Пешвои миллат бахусус, кормандони соҳаи тандурустиро рӯҳбаланд намуд ва боиси дастгирии ҳар фарди меҳанпараст маҳсуб меёбад. Ҳамаи умеди мардум ба баровардани ваксина зидди бемории сироятии коронавирус буда, танҳо баъди расман тасдиқ шудани ин навъи ваксина ва оммавӣ гузародани маъракаи эмкунӣ инсоният аз вартаи ин бемории сироятӣ берун мешавад. Аммо то он рӯз бояд мардум қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намояд.
Бо далели қатъӣ иброз медорем, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо роҳбари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъ гардида, вазъияти мураккабро дастаҷамъона паси сар намудем. Ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ бо Ваҳдати миллӣ анҷом ёфт, ақли солим ғалаба кард, ҳукумати қонунӣ барқарор шуд.
Имрӯз бо боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки мардум дар натиҷаи риояи дастурҳои додаи табибон ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик аз мубталои ин вируси навъи нав баромада, бо илҳому ғайрати дучанд кору зиндагии муқаррарии худро давом хоҳанд дод. Дар мамлакат хатари гирифторшавӣ ба бемории сирояткунанда аз миён бардошта шуда, кӯдакистону мактабҳо, донишгоҳҳову корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳову ташкилотҳо ба кор медароянд ва мардум бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ҷашнҳои бузурги дарпешистодаро бо тантана таҷлил хоҳанд кард.

Маҳфуза Маҳмудҷоновна АКИЛОВА,
директори ҶДММ «Тоҷикони ҷаҳон»
Сафар Абдулхайрович ЭРКАЕВ,
дотсенти ДДХ ба номи академика Бобоҷон Ғафуров,
иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии ҶТ