Ҳолномаи Усмон Олим

АДИБИ ВАҲДАТСАРО

Ходими шоистаи фарҳанг, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири тавоно Усмон Олим аз куҳансолтарин адибони ваҳдатсарои тоҷик аст. Ў аз қадамҳои аввалини худ ба сарзамини адабиёт то ба ҳол оид ба мафҳумҳои муқаддаси Модар-Ватан шеърҳои рангину ҷаззоб меофарад. Тараннуми манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон, кўҳу дарё, боғу бўстон, марғзорони шодоб, даштҳои паҳновар ва дигар аҷсоми табиат дар офаридаҳои бадеии Усмон Олим рангомезиҳои хос ва тароват доранд. Шоир бар он мекўшад, ки дар баробари баёни нозукию латофати табиат ва гуногуншаклии он, инчунин олами маънавии инсонҳоро равшану муҷассам бо сеҳри қалам тасвир намояд.
Аз ин рў, ин суханвар ба дунёи маънавӣ ва ҷаҳони ботинии ҳамзамонон раҳ ҷуста, хулқу атвор, афкору ҷаҳоншиносӣ, майлу рағбат ва талошу пайкорҳои иҷтимоии ононро бо маҳорати хос резакорӣ мекунад. Дар ашъори Усмон Олим хисоли неку шоистаи инсонӣ, амсоли донишу хирад, некхўию некманишӣ, ҳиммату ҷавонмардӣ, шарму ҳаё, иззату эҳтиром ва авсофи носутудаи башарӣ, чун бухлу кина, ҳасодат, мардумфиребӣ, нодонию гумроҳӣ мазаммат мешаванд. Шоир ҳамчун шахсияти ботаҷриба ва пасту баланди рўзгордида бо ҳамин равиши хосу муносиб ба худ падидаҳои ҷаҳони ҳастиро дар мизони шеър бармекашад.
Дар даврони истиқлолияти кишвари азизамон шоир Усмон Олим болу пари нави эҷодӣ баровард ва андешамандӣ дар баёни ў вусъат пайдо кард. Ў бо тааммул ва тааммуқ аз таърих, сарнавишти шахсиятҳои бузургу ормонӣ, ҳодисаҳои пандомўзона ва зиндагиномаи афроди фарҳехта шеърҳое навишт, ки мағзу моҳияти тамаддуни миллии моро ифода менамоянд. Бо интихоби ҷузъиёту лаҳзаҳо ва хулосаю ҷавҳари қиссаҳои паямбарон, қаҳрамонони асотир, пешравону дину ойин, олимону нобиғагон ин нигоранда майли суханварияшро ба самти ахлоқу одамият, парвариши инсони ростин ва соҳибақл кашид. Мо дар аксари ин навъ шеърҳо Усмон Олимро ба унвони устоди рўзгор ва носеҳи донишманде мешиносем, ки ба қадри таҷрибаю хиради пешиниён мерасад ва пасовандони зиракро барои шинохту арҷгузории суннатҳои дерина водор месозад.
Дар муҳити адабии мо адиберо наметавон ёфт, ки бо вуҷуди солмандӣ барои интишори ғояҳои неку фардоофар, сиёсати хирадгароёна ва мактаби шоистаи сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Усмон Олим саъю эҳтимом варзад. Ўст, ки нахустин шуда ба истиқболи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат қалам ба даст мегирад ва ашъори тозаи худро зевари рўзномаю маҷаллаҳо мегардонад.
Усмон Олим, ки солиёни дароз ходими асили матбуоти тоҷик аст, дар муқобили зуҳуроти номатлуби ҷомеа, падидаҳои нохушоянди ҷаҳонишавии зудрас ва рафтори носолими ашхоси бадкирдор бо теғу парчами сухан ҷилвагар мешавад, барои шинохтани сара аз носара садо баланд менамояд.
Мавсуф пайваста кўшиш менамояд, ки халқ, бахусус, насли ҷавон доир ба бунёдкориҳо, сохтани роҳу пулҳо, коргоҳҳо, муассисаҳои таъиноташон гуногун, ободию фаровонӣ ва пешрафтҳои куллии ҳаёти ҷамъиятӣ назари ибратомўзона дошта, шукргузори даврони ҷадиди таърихӣ бошанд.
Дар байни аҳли қалам ва ҳазорон хонандаи шеъраш Усмон Олим ба унвони адиби ваҳдатсаро ва дўстдори халқу миллат шӯҳрат ёфтааст. Муҳаббату эҳтиром ба ваҳдати пойдор ва ҳифзи Тоҷикистони воҳид мағзи панду ҳушдорҳои ин шоиранд. Вай ваҳдатро меситояд, онро гавҳари қиматбаҳо медонад ва тоҷи сар карданашро ба тамоми тоҷикистониён талқин месозад.
Мо ҳамқаламон, дўстон ва шогирдон мавсуфро ба ў тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодати фарзандону наберагон ва тавфиқи судманду пояндаи эҷодиро орзу менамоем.

Аҳмадҷони Раҳматзод,
раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
Шоири халқии Тоҷикистон