Як дона садбарги сафед

Як дона садбарги сафед

Ҳавлии калони гирду атрофаш бо қолинҳои зебо оро додашуда. Одамон хеле бисёранд. Ҳатто барандаи шабнишинӣ ба худ роҳ ёфта наметавонист, то ки назди келину домод омада, онҳоро барои ҳаёти хушбахтонаи якҷояшон табрику таҳният гӯяд. Вай дар дасти худ микрофон ба одамони гирду атроф «Роҳ диҳед, роҳ диҳед»-гӯён ба саҳни ҳавлӣ омада шабнишиниро кушода эълон кард. Пас аз номи меҳмонон домод ва арӯсро дар ин шаби накӯ табрик карда, ба ҳама таклиф мекунад, то ки қадаҳи аввалинро бардоранд. Дӯстон пайи ҳам ба арӯсу домод ҳаёти хушбахтона орзу намуда, қадаҳ мебардоштанд. Имшаб дугонаи ҳаммактабиам Зебӣ тӯй шуда истодааст. Зеби духтараки аҷоиб аст. Вай хеле хандон ва хушчақчақ аст. Суханҳое мегӯяд, ки кас аз гуфтаҳояш худашро дошта натавониста рӯдакан мешавад.
Ана, ҳоло вай дар сари худ сарбанди ҳарире дорад, ки қомати ӯро панаҳ кардааст. Сархам дар паҳлӯи домод истодааст. Дар назди столаш гулдастаҳо пур ва ҳамин лаҳза модари домод барои табрик кардани фарзандонаш – Зебӣ ва Муҳиддин меояд ва мегӯяд:
-Ман хеле мамнунам, ки имшаб ба хонаи мо меҳмон ва дӯсти якумраи фарзандам – Зебихон бо ҳамроҳии меҳмонон дар сари як дастархон нишастаанд. Аз самими қалб Зебихонро ба фарзандӣ хонда, дар оянда ба ҳарду фарзанди дилбандам – Зебихон ва Муҳиддин хушбахтиҳо мехоҳам ва ҳаёти бардавом орзумандам.
Қарсакзаниҳо тамоми ҳавлиро фаро гирифт. Ба он овози доира ҷӯр шуд. Ҷӯрабек Набиев дар ҳавои қарсакзаниҳои меҳмонон суруди «Тӯй муборак шавад, ёр муборак шавад»-ро месуруд. Дили ҳама аз фараҳ лабрез аст.
Вақте, ки ҳофиз сурудашро ба охир расонд, ҷавонон Содиқҷонро ба ҷону ҳолаш намонда, ба назди микрофон оварданд, то ки суруде бихонад. Содиқҷонро ба ман Зебӣ шинос карда буд. Содиқҷон институтро дар курси шабонаро тамом карда, дар мактаби миёна кор мекунад. Вай ҳам монанди Зебӣ одами хушҳолу хушчақ-чақ аст. Зебӣ як бор ба ман гуфта буд, ки ӯро дуст медорад ва Содиқҷон ҳам Зебиро дӯст медоштааст. Ва боз ба ман таъкид кард, ки ин сирро ба uайр аз ман ба ҳеҷ кас нагуфтааст.
-Чаро инҳо аз ҳам ҷудо шудаанд. Дӯстиашон мустаҳкам буд-ку. Сабаб чӣ бошад, ки Зебӣ ба Муҳиддин ба шавҳар баромада истодааст. Ин фикрро баробари дар саҳни ҳавлӣ пайдо шудани Содиқҷон дар майнаам пайдо шуданд. Чашмонамро аз симои Содиқҷон намекандам, то бифаҳмам, ки вай худро чӣ тавр карда медорад. Оё иродаи худро дошта метавониста бошад?
Содиқҷон ҳамоно дар назди микрофон рост меистод ва хомӯшона ба симои Зебӣ нигоҳ карда, андеша мекард. Ҳама хомӯш интизори хондани суруди Содиқанд. Аммо аз Содиқҷон овозе шунида намешуд. Хомӯшӣ тӯл кашид. Баранда ба Содиқҷон муроҷиат карда гуфт:
-Дӯсти азиз, меҳмони арҷаманд Содиқчон, агар суруд хондан нахоҳед, ягон сухани табрикотӣ гӯед, то ки ба арӯсу домод хотира бимонад. Содиқҷон худро ба даст гирифта, тамоми меҳмононро аз назар гузаронду пас гуфт:
-Дӯстон, хоҳиши шумоёнро ман бо дилу ҷон ба ҷо меорам. Агар як суруд хондан бошад, ҳеҷ гап не… Вай суруд мехонд. Ҳама мафтуни овозаш гашта буданд. Овози вай форам ва аҷаб дилрабоест. Ман ҳам мафтуни овози хуши ӯ гаштам. Одамони дар гирду атрофаш бударо тамоман фаромӯш карда, аз симояш нигоҳамро намегирифтам. Бори дуюм ҳам аз ӯ талаб карданд, ки суруде бихонад. Қарсакзаниҳо, ҳеҷ не, ки паст шаванд. Аз чор тараф «Ҷуфт шавед!»-гӯён фарёд мекарданд. Содиқҷон сари худро андаке хам карда, дасти худро ба сари синаи худ гузошта, таъзим кард ва ин дафъа рубобро худаш навохта ба сурудхонӣ даромад.
Чашмони ҳама ба Содиқҷон дӯхта шуда буданд… Зебӣ сархам набуд. Вай рост ба чашмони ман нигоҳ карда, бо нигоҳи худ «сухан» мекард. Ман ба маънои «Ҳеҷ гап не» сарамро ҷунбонидам. Вале вай аз саршавии суруд то ба охир расидани он гоҳ таб мебароварду гоҳе бо қаҳру uазаб ба симои ман назар меафканд.
Суруд ба охир расид. Содиқҷон аз назди столи худ гули садбарги сафедеро оварда, ба Зебӣ тақдим кард.
***
Баъд аз ин тӯй се сол ман Зебиро надидам. Кайҳост, ки бо вай танҳо ба танҳо нишаста сӯҳбат накардаам. Вай ҳамраҳи шавҳараш ба Тошканд рафта буд.Бегоҳӣ ӯро назди китобхона дидам. Ба ҷону ҳолам намонда маро ба хонааш гирифта бурд. Вай дар ошёнаи чаҳорум зиндагӣ мекардааст. Мо аз ҳар куҷо сӯҳбатҳо кардем. Зебӣ дар наздам дастархон ороста буд. Вай хеле тануманд шудааст. Вай мисли пештара шӯхӣ карда гап мезад.
-Дугонаҷон, чаро ту ба ман «шумо, шумо» гуфта муроҷиат мекунӣ. Магар ман ба Муҳиддин расида иззатманд шудаам-мӣ?! Не, ҳаргиз ман ҳамон Зебиям, Зебиям, ки Содиқҷонро дӯст медоштам ва ҳоло ҳам дӯст медорам.
-Дурӯu нагӯ, Зебӣ! Чӣ тавре ки мебинам, ту бевафогӣ кардӣ.
-Ту намедонӣ, вақте, ки падар ва модари Содиқҷон ба оиладории мо розӣ набошанд, ман чӣ тавр ба ҳавлии онҳо меравам. Охир меҳри падару модар беинтиҳояст-ку. Чаро Содиқ барои ман шуда, суханони падари модари худро зери по мекунад? Модараш ба ӯ бо умед шир дода калон кардааст. Сарнавишти фарзанд ба падару модар вобастагии калоне дорад.
-Наход, ки Содиқ аз ӯҳдаи розӣ кардани падару модараш набаромад? Ин суханро гуфта сукут варзидам.
-Вақт танг буд. Фақат як ҳафта мӯҳлат буду халос. Оё дар муддати кӯтоҳ дар майнаи инсон табаддулот кардан мумкин аст?! Амри маҳол… – фикри маро парешон карда гуфт ва илова намуд:
-Бигузор падарон ва модарон ҳам ба хушбахтии фарзандонаш зомин нашаванд. Охир фарзандон ҳам дил доранд. Дил хусусияти дӯст доштан, меҳр андӯхтан ва ишқ варзидан дорад.
Дар ҳамин вақт занги дар баланд шуд. Аз дар бо духтарчааш Гулбарг Муҳиддин даромада омад. Вай аз омадани ман хеле хурсанд шуд. Самимона бо ман вохӯрдӣ карда, даррав либоси хонагиашро пӯшида, зану шавҳар омодаи хӯрокпазӣ шуданд.
Ман онҳоро бо якравии эътирозӣ ба назди дастархон шинондам ва гуфтам: -Ягон рӯз ба фурсат меоям ва албатта ба оши пухтаи Шумо хӯранда хоҳам шуд. Ҳозир ман рафтанам лозим. Ба ман иҷозат диҳед, то ки равам.
Шавҳари Зебӣ исрор мекард ва мегуфт: -Баъди ним соат ош тайёр мешавад. Хӯрда равед, сарамон ба осмон мерасад.
-Гулбарг! Ман ин касро аз назди китобхона кашола карда овардам. Зӯрӣ накунед, ин кас базӯр ба чойхӯрӣ нишастанд. Алавро, ки дар гирондед хеста, парида меравад. Ин кас аз ош қимобанд. Оши палав ба миён мемонад, – ба гап ҳамроҳ шуд Зебӣ.
-Зебӣ, ин қадар шӯхӣ накун. Ман дафъаи оянда меоям ва ҳамроҳ оши палав мепазем.
-Ман гапи хушку холиро намепарастам, – гуфт Муҳиддин. – Хоҳед, нахоҳед, имшаб меҳмони мо мешавед. Ман ҳозир Диловарро ҷеu мезанам.
-Шумо ӯро аз куҷо мешиносед?
-Мо ҳамроҳ дар як ҷо кор мекунем.
-Аҷиб. Чаро то ин вақт Диловар ба ман ҳеҷ чиз нагуфтааст. Ё намедонад-мӣ, ки ман бо Зебӣ дугонаам.
Муҳиддин ба воситаи телефон бо Диловар гап мезад ва дар охир ӯро розӣ кунонд, то ки биёяд.
Мо ҳама то нисфи шаб чақ-чақ карда нишаста, аз ҳар хусус нақлҳо кардем. Дар дунё одамони меҳрубону меҳмондӯст бисёранд…
Муҳиддин дар вақти ширакайфиаш як сухани аҷибе зад, ки маро ба таҳлуқа овард. Вай гуфт: «Зебӣ маро маҷбур мекунад дар ҳар се шаб якто садбарги сафедро ба назди тиреза оварда, ба гулдон андохта монам. Агар наорам аҳволаш бад мешавад…»
Чашмонам ба гулдони тиреза афтод, ки гули садбарги сафед дошт. Танҳо якто гули садбарг. Садбарги сафед… Ин ибора шаби тӯйро ба хотири ман овард.
Содиқ, Содиқ медонӣ, гули садбарги сафеди туро Зебӣ то ин дам мепарастад. Ҳамаи зиндагии ӯ ба ҳамин гул вобаста. Содиқ! Содиқ! Ин номро пайи ҳам талаффуз мекардам ва ба тиреза нигоҳ карда, шаби соҳилро тамошо кардам. Зебӣ аз ин сукут варзидани ман ба эҳтирос афтода, худро ба болои ман партофт. Ҳарчанд, ки гиря гулӯгир мекард, вай ҳазлу шӯхикунон гуфт:
-Назокат, ту ҳар рӯз чанд бор ба Диловар телефон мекунӣ?!

Маҳфузабону,
Хуҷанд, соли 1972