РЎЗИ МУБОРАК-ОҒОЗИ КОРИ НБО РОҒУН ФАРО РАСИД

Ба фаъолият шурўъ кардани НБО-Роғун воқеан ҳам барои мардуми тоҷик лаҳзаи фараҳу шодмонӣ, фаромўшнашуданиву шукўҳу шаҳомат аст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин нерўгоҳ, ки дар идомаи беш аз чиҳил сол дар борааш мегўянду менависанд, иншооте, ки ҷараёни сохтмонаш на танҳо душманони берунӣ, бадхоҳони миллати халқи заҳматкаши тоҷик, дар ниҳояти кор душманони дохилиро ин солҳо ором намегузошту беқарору бесаранҷом буд дар китоби давлатдории муосири ин халқи куҳанбунёд саҳифаи нави заррин боз гашт. Бо тавлиди нури нави барҳақ раҳмонӣ, ки солиёни дуру дароз халқи Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашид бори дигар собит шуд, ки мо, ворисони воқеан ҳам созанда ва идомадиҳандаи он бобокалону бобоҳои тамаддунсоз-Рўдакиву Сино, Сомониву Берунӣ, Мавлавиву Камол, Спитамену Темурмалик Бобоҷон Ғафурову Айнӣ ва Турсунзода буда, таҳти сарварии Пешвои муаззам, ҷасуру соҳибирода, ҷонфидои миллати худ Эмомалӣ Раҳмон алорағми ҳама душманони худ ба ҳадафи худ муваффақ шудем.
Бешубҳа, ин лаҳзаҳо, лаҳзаҳои ҳамту оддии ҳаррўза нестанд, лаҳазоти таърихии эҳсосии хушугуворои омехта бо ашк, ашки ҳам шодӣ ва ҳам паси сар кардани чӣ қадар ашки ғуссаву нигаронӣ, яъсу ноумедӣ аз амалҳои бадхоҳонӣ миллат аст. Аммо мусаллам як чиз аст, ки мо миллати тоҷик рисолати худ- созандаву тамаддунофариро дар ҳама ҳолату шароит ба иҷро мерасонем. Зиҳӣ ва боз зиҳӣ миллати созанда бо Сарвари фидокор ва мўътабари хеш Эмомалӣ Раҳмон!
Басо рамзист, ки мавриди истифода қарор гирифтани чархи нахустини ин нерӯгоҳи азим ба рӯзи Президент рост омад. Ин беваҷҳ нест, зеро фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷараёни сохтмони иншооти мазкур тавъман як аст. Аз ин хотир имрӯз дар кишвари азизамон Тоҷикистон ид болои ид аст ва Худо кунад, ки ин омилҳо, ин шодиҳо кишварамонро бо мардумаш абадӣ саодатманд гардонад. Рӯзи Президент муборак!
НБО-Роғун баъди пурра сохта ба истифода доданаш баландии дарғоташ ба 335 метр иқтидор ва ё тавоноиаш 3600 МВт-ро ташкил медиҳад. Ғунҷоиши обанбор 13, 3 километри мураббаъ ва дарозиаш то ба 70 километр хоҳад расид. Дар бунёди НБО-и Роғун зиёда аз 21 ҳазор нафар мутахассисону коргарон дар якҷоягӣ миллатҳои гуногун фаъолият дошта, шабонарўзӣ то 3 ҳазор техника бо тамғаҳои гуногун фарогири сохтмон мебошанд.
Бо оғози кори чархи нахустини азимтарин НБО-и Роғун дар минтақаи Осиёи Марказӣ боз дар дилҳо орзуву умеди нави зиндагии рангину созанда ва бунёдкорӣ ба парвоз меоянд. Боз дурнамои ватани азизамонро мусаффою гуворо, зиндагии ҳамиёронро осудаву шоиста тасвир хоҳем кард.
Муборак, ҳамватанони арҷманд иншооти асри нав-НБО-и Роғун!

Ҷовиди Аштӣ,
рўзноманигор