ОҲИ ДИЛИ ПУРFАМ ДУНЁ БИСӮЗАД

ОҲИ ДИЛИ ПУРFАМ ДУНЁ БИСӮЗАД

Солҳои зиёд аст, ки дар беморхонаи наркологии шаҳри Душанбе фаъолият дорам. Нашъмандони зиёдеро бо чашми худ дидаам ва воқеаҳои беҳисобе шунидаам, ки он ҳама даҳшату фоҷиаанд,-мегӯяд духтур Елена Саидовна Ҳасанова.
Аз ким – куҷое садои хуш меояд. Ҳофиз бо овози марғуладораш моро мафтун мекунад. Суруд ба дили инсон оромӣ мебахшад, рӯҳро хуш месозад. Кош дили мо ба ҳар суруди хуш ҳамсадо мешуд? Ман ин лаҳза ҳайронам, ки чаро одамон ба корҳои ношоиста даст мезананду ба одатҳои бад хӯй мегиранд.
Одамони нек ғами сиҳатии модарон, падарон ва фарзандонро мехӯранд. Хавотирии шаҳрвандон дар он, ки ҷавонон ба героин майл доранд. Имрӯз гера «дӯст» ва «ҳамдам»-и баъзе сокинони кишварамон, махсусан, ҷавонон гаштааст.
Дар ҷаҳон садҳо одамон аз таъсири маводи нашъаовар фавтидаанд ва ин вабо то кунун инсонҳоро аждаҳорвор ба коми худ мекашад.
Одамон хусусан модароне, ки фарзандашон нашъаманданд, ба онҳое нафрат доранд, ки тухми заҳри қотилро мекоранду аз он ҳосил мегиранд.
Кормандони ширкати Ост – Индияи Бритониё дар сари 18 киштзорҳо дар Банғола соҳиб шуда, кӯкнор кишт карданд ва содироти афюнро ба Хитой оғоз намуданд.
Ин рӯ, дар муддати кӯтоҳ шумораи нашъамандон ба бист миллион нафар расид. Хушбахтона, соли 1950 барои пурра нобуд сохтани ин растании наҳсу марговар муборизаи беамон сар шуд.
Баъдтар дар Малайзия қонун баромад. Дар он асос шаҳрвандеро, ки бо 15 грамм героин дастгир мешуданд ба дор мекашиданд.
Заҳрро як қатрааш ҳам заҳр аст. Чаро баъзе шаҳрвандони нохалаф барои зиндагии фаровони худ, беҳтар намудани шароити зиндагиашон ва сарватманд шудан нашъаҷаллобӣ мекунанд?
Ҷинояти аз ҳама бадтарин ва нобахшиданӣ ин нашъаҷаллобӣ мебошад. Барои пул, ки онро инсон бо меҳнати ҳалол ба даст оварда метавонад, нокасон заҳри қотилро мефурӯшанд. Афсӯс, ки онҳо оқибати корро фикр намекунанд. Ҳар як зарраи он чӣ қадарҳо ба ҷавонон зарар меоварад. Ҷанҷоли оилавӣ ҳадду ҳудуд гум мекунад. Ашки модарон ба касофати ин заҳри қотил ва ҷабру ҷафои фарзанди нашъаманд дар чашмон хушк намешавад. Онҳо аз дилу ҷигар оҳи бадард мекашанд. Андеша мекунанд, мегирянд аз дарди ниҳон. Сурати онҳо одам аст.
Кош такконе мешуду маводи марговар ба қаъри замин мерафт. Шахсе, ки ба истеъмоли героин шуғл меварзад, вай албатта умри дароз намебинад. Ба одамони гирду атроф, оила, маҳалла зарар мерасонад.
– Кӯкнор гуфтааст, ки касе ба истеъмолаш машғул аст, чӯб барин хушк мекунад. Алқисса, ҷавони навраси чаҳорпаҳлӯ чунон лоғару хароб мешавад, ки вай ҳатто оини роҳ гаштанро гум мекунад. Ҳар лаҳзаву ҳар соат азобкашиашро намегӯед. Модар азоби духтар ва ё писари нашъамандашро мебинаду дарун – дарун месӯзад. Оҳу нолаи модар ҷигарҳоро лахту пора месозад.
Чаро модарони мо оқибати бади нашъамандиро медонанду худ ба нашъаҷаллобӣ машғул мешаванд? Онҳо гӯё аз оқибати нашъамандӣ бехабар бошанд, шароити бади зиндагиашонро баҳона карда, ба фурӯши маводи мухаддир шуғл мекунанд.
Лутфинисо зани баркамол, балки модар аст. Вай 27-уми августи соли 2001-ум барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъадор ва аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ гузаронидани он, ба моддаҳои 200 к. 3 бандҳои «б», «ж», 289 к. 2 КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, тибқи банди 1 зебанди «л», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умум» аз 29.08.2001 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гашта буд. Аммо ӯ аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, бо мақсади дарёфти пули бисёр боз ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор даст зад. ӯ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳе ба миқдори махсусан калон ғайриқонунӣ маводи нашъадори «героин» ба даст овард, бо мақсади ба каси дигар додан ҳаракати аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон убур кардан намуд ва бо ҳамин даст ба ҷинояти махсусан вазнин зад. Нияти бад ҳамеша бад аст. Қасдану дониста ҷиноят кардан гуноҳест ношустанӣ.
Хонандагони азиз, худ қазоват кунед. Зани «шӯридадил» агарчӣ ӯро барои гуноҳи аввалааш авф карда буданд, бори дуввум даст ба ҷиноят зад.
Лутфинисо аз хоб бархоста, ба хаёл ғӯтавар шуд. Имрӯз ба куҷо бояд рафт. Фикру хаёли ҳархела ӯро ором намегузошт. Чӣ кор кунад, ба кадом кор даст занад. Мисли пештара ба майдафурӯшӣ машғул шавад ё пайи коре равад, ки бо Хуршед маслиҳат кардааст. Худо хоҳад вай ба Русия меравад, кораш барор мегираду маводи нашъаварро дар як лаҳза мефурӯшаду омада ба Хуршед ҳисобашро баробар мекунад.
Дилаш ким – чӣ хел хавотиромез таҳ кашид. Сархам сукут варзид. Вай дар дил орзуҳои бисёре дорад, зиндагиаш серу пур бошад. Писараш Музаффар дар зиндагӣ азобу шиканҷа набинад. ӯ худ бо сари бевазаниаш ӯро ба воя расонд. Лутфинисо ба зодгоҳаш шаҳри Қӯқанд, вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии ӯзбекистон рафтан мехоҳад. Вале дар ҷайбаш ҳатто роҳкиро надорад. Вай иҷоранишин аст ва се моҳ аст, ки ҳаққи иҷораро надодааст. Ҳоло дар шаҳри Конибодом, маҳаллаи Ҷавонон истиқомат дорад. Пули кори Музаффар барои хариди хӯрока кифоягӣ мекунаду бас.
3 феврали соли 2003 саҳарӣ соати 7.00 дақиқа Лутфинисо бо мақсади аз Хуршед гирифтани героин ба автовокзали шаҳри Конибодом рафт ва аз он ҷо автобуси маршрути Конибодом – Хуҷанд савор шуда, соати тахминан 8.30 дақиқа ба деҳаи Аркаи вилояти Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон расид. Дар истгоҳ аз автобус фаромад ва омадани Хуршедро интизор шуд. Баъди камтар вақт як мошини тамғаи «Москвич»-и рангаш сурх омада истоду аз он Хуршед фаромада бо ӯ салому алейк намуд ва гуфт, ки борро овардааст. ӯ чӣ қадар буданашро пурсид. Хуршед ҷавоб дод, ки 1000 доллори амрикоӣ мешавад ва пулро кадом вақте, ки аз Русия баргардад, баъд медиҳад. Хуршед дари мошинро кушода, як халтаи салофаниро гирифта дод. Дар дохили он боз як халтаи салофанӣ буд.
Баъди ин Хуршед боз ба мошин савор шуда, ба тарафи шаҳри Хуҷанд рафт. Лутфинисо бошад халтачаро зери палтояш пинҳон намуда, дар истгоҳ мошин поида нишаст. Баъди чанд дақиқа як мошини сабукрави роҳгузарро, ки ба тарафи Конибодом мерафт, дошта ба он савор шуд.
Дар гардиши шаҳраки Ким аз мошин фаромада, ба тарафи хонааш раҳсипор гардид. Вақти аз хона рафтанаш писараш Музаффар дар хона буд, аммо ин лаҳза модар писарашро наёфт. Қарибиҳои нисфирӯзӣ шуда буд. ӯ бо калиди худаш дари хонаро кушода даромад. ӯ маводи нашъадорро аз зери бағалаш гирифта, ба болои диван монд, палтояшро кашида, акнун ба ошхона гузаштанӣ буд, ки дари хона тақ – тақ шуд ва овози Музаффар баромад. ӯ дари хонаро кушода мардеро бо писараш дид. Марди қадпаст Нӯъмон ном доштааст. Музаффар бо Нӯъмон ба хона даромад, то телевизиору видеомагнитофонашро нишон диҳад. Зеро ӯ аз Нӯъмон пул қарз пурсидааст. Вай талаб кардааст, ки ягон чизашро ба гарав монад.
Баъди ба зал даромадани онҳо Лутфинисо дарро қулф карда ба хонае даромад, ки героинро монда буд. Вай аз дохили пакети полиэтиленӣ дорпечи героинро гирифта болои диван монд ва акнун ҷои пинҳонкунӣ кофта истода буд, ки дари даромадро касе сахт кӯфт. Овози мардона баромад, ки мегуфт «Кушоед милитсия». Баробари шунидани ин суханон ӯ дарҳол халтачаи героинро гирифта ба зали хона гузашт ва тирезаро кушода онро ба кӯча ҳаво дод. Дар вақти героинро берун партофта истоданаш кормандони милитсия дари даромадро шикаста, ба хона даромаданд. Дар болои диван бошад, халтаи селофание мехобид, ки дар он героинро оварда буд.
Кормандони милиса хонаро тафтиш намуда, аз болои диван халтаи селофаниро ёфтанд. Дар он рехтаи героин будааст. Борпечи героинро, ки ҳам ӯро партофта буд, ёфта омаданд. Дар ҳамон ҷо ӯ ба кормандони милиса ҳодисаи рӯйдодаро нақл карда, ба кирдораш иқрор шуд. ӯ аз кардаи худ сахт пушаймон аст. Сабаби ба ин кор даст заданаш шароити вазнини оилавӣ будааст. ӯ мақсад доштааст, ки маводи нашъадори аз Хуршед гирифтаро ба шаҳри Свердловски Федератсияи Русия бурда, дар он ҷо фурӯшад ва ба пулаш зиндагиашро пеш барад. ӯ ба он ҷо ба воситаи автобус ё бо поезд рафтанӣ буд.
Зан-модаре, ки офаранда аст, даст ба ҷиноят зад. Лутфинисо Турдиалиеваро 16 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ин ба гуфтан осон. Зани муштипар, раҳгумзада, бевазан, беихтисос дар ҳеҷ ҷо кор намекунад. Имрӯз занҷир дар пой рӯзи равшан намебинад, хӯроки дуруст тановул намекунад, шабу рӯз ғам мехӯрад. Вой бар ҳоли фарзандонаш, фарзандони беболу пар мондааш. Ин даҳшат аст…
Хуршед барин ҷавонон гунаҳашонро чӣ тавр мешуста бошанд.
Қатрае аз ашки Лутфинисо ба рӯи замин мечакад, пинҳонӣ оҳи ба дард мекашад. Вале оҳи кашидааш дунёро месӯзонад…
АЗ ИДОРА: Ҳайати таҳрири рӯзнома барои дастрас кардани маводи ҷиноӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд миннатдории бепоён изҳор мекунад.

Таҳияи Маҳфузабону