ОҚИЛОВА МАШҲУРА МАҲМУДҶОНОВНА

ҲОЛНОМА
ОҚИЛОВА МАШҲУРА МАҲМУДҶОНОВНА

Оқилова Машҳура Маҳмудҷоновна 1 майи соли 1961 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дар оилаи зиёӣ, фарҳангшиноси соҳибмаърифат таваллуд шудааст. Соли 1968 дар мактаби миёнаи рақами 11 шаҳри Ленинобод таҳсилро оғоз кард.
Дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок менамояд. Дар синфи 4 вазифаи намояндаи гигиенаи тозагии синф ва то соли 1978 намояндаи гигиенаи тозагии мактабро дар ӯҳда дошт. Соли 1975 ба сафи комсомол қабул шуда, то соли 1978 вазифаи комсоргиро дар синф иҷро менамуд. Дар соли 1976 дар ҳайати комиссияи қабулкунии ҷавонон ба сафи комсомол дар мактаби миёна буд. Соли 1977 чун раиси сектори дониши мактаби миёна рақами 11 интихоб гардид.Соли 1978 мактаби миёнаи рақами 11 шаҳри Ленинободро хатм менамояд. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултети забон ва адабиёти русӣ дар Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) ба номи С.М.Киров (ҳозира Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дохил шуд ва онро соли 1978 бомуваффақият ба итмом расонд.
Баъди хатми донишгоҳ соҳиби мутахассиси омӯзгори забон ва адабиёти русӣ ва инчунин методисти корҳои тарбиявӣ мегардад.
Соли 1982 дар мактаби миёнаи рақами 24 ноҳияи Хуҷанд, ки дар он ҷо таҷрибаи омӯзгориро дар рафти донишҷӯй буданаш гузаронида буд ва баъд чун ҳуҷҷатгузор ба фаъолияти корӣ ҳусни оғоз менамояд ва баъди хатми донишгоҳ дар соли 1983 дар ҳайси муаллими забон ва адабиёти русӣ дар ин мактаби мазкур фаъолият менамояд. Сипас дар мактаб ба вазифаи комсорги ташкилоти ибтидои омӯзгорони таҳсилгоҳ таъин гардид.
Соли 1989 дар филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷанд дар вазифаи омор дар деканати шӯъбаи механикии донишгоҳи номбурда таъин мегардад.Соли 1991 ӯро ба вазифаи методисти шӯъбаи ғоибонаи филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷанд факултаи механикӣ таъин менамоянд.
Соли 1992 дар филиали Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи лаборанти калони шӯъбаи тадқиқотҳои филологӣ таъин мегардад. Соли 2006 дар шӯрои илмии филиали Академияи Илмҳои Тоҷикистон кори илмии тадқиқотии ӯ бо номи “Ҷанбаҳои сиёсӣ ва фалсафавии осори Аҳмади Дониш” тасдиқ карда мешавад.
Соли 1996 дар прокуратураи вилоятӣ дар ҳайси ташхисгар ва ҳуҷҷатгузор ба шӯъбаи экстремистӣ ба кор қабул мегардад.
Соли 1999 дар Ҳукумати вилояти Ленинобод намояндаи “Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ оиди рафъи ҳар гуна шаклҳои поймолкунии ҳуқуқ” дар рӯзномаи “Шӯълаи умед” фаъолияти кории худро давом медиҳад.
Соли 2001 чун омӯзгори фанҳои ҷамъияти ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба фаъолият сар мекунад. Дар донишгоҳи номбурда чун омӯзгори фанҳои ҷамъиятӣ: фалсафа, мантиқ, сиёсатшиносӣ ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ фаъолият намудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши худ пайваста кӯшиш менамояд, ки то ҳадди имкон ҳаракат менамояд аз маводҳои таълим ва аёниятҳо дар машғулиятҳояш фаровон истифода барад ва ба донишчӯён дониши амиқ диҳад. Ин фаъолияти кории ӯро ба назар гирифта, соли 2003 ба ӯ омӯзгори дараҷаи олӣ дода мешавад.
Барои баланд бардоштани савияи дониши худ пайваста ба коркарди дастурҳии таълими методӣ машғул мешавад. Дар конфронсу ҷаласаҳои илмӣ-назариявии кафедра ва коллеҷ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Fафуров бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, якчанд мақолаву фишурдаҳояш аз чоп баромадаанд:
“Андешаҳои сиёсии мутафаккирони форсу тоҷик” маводҳои конфронсӣ илмӣ-таҷрибавии омӯзгорон, Хуҷанд 2003 сол, саҳифаи 23-31. “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми арзишҳои ҷомеаи демократӣ.” -“Донаҳои хӯшаҳои илм”, Маводҳои конфронсӣ илмии омӯзгорон саҳифаҳои 49-52. “Таҳлилу таҳкими сохти давлатдорӣ аз нигоҳи мутафаккир А.Дониш”,”Ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Аҳмади Дониш”-маводҳои конфронси илмӣ-таҷрибавӣ. “Яркая утренняя звезда на темном горизонте” маводҳои конфронси илмӣ-таҷрибавӣ.
Дар соли 2009 фаъолияти кориашро ӯ дар Руссия дар шаҳри Пермь идома медиҳад. Дар мақомотҳои ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии кишвари Пермь чун ташхисгар ва инчунин чун дар ҳайси тарҷумон кор мекунад ва соли 2010 дар мақомоти “Идораи федералии назорати маводҳои мухаддир” дар кишвари Пермь чун эксперт-лингвист ва дар ҳайси тарҷумон фаъолияти кории худро давом медиҳад. Дар мақомотҳои ҳуқуқӣ якчанд тадқиқотҳои ташхисӣ (экспертизаи) лингвистӣ оиди парвандаҳои ҷиноятӣ гузаронидааст.
Аз соли 2010 инҷониб ӯ дар ҳайати беҳтарин ташхисгар, лингвист ва аъзои тарҷумонҳои Россия шинохта шудааст. Корманди доимии шӯъбаҳои тарҷумонии Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Удмуртия ва дигар минтақаҳои Россия ба ҳисоб меравад, ки дар сайти https://intукpкуt.mу/pукуvod/?p=AkilovaMM оиди фаъолияти ӯ дар ин ҷабҳа маълумот оварда шудааст.
Дар давоми фаъолияти кориаш дар мақомотҳои ҳуқуқии кишвари Пермь ӯ инчунин бо корҳои илмӣ низ машғул шудааст. Дар маҷаллаву рӯзномаҳои кишвари Пермь якчанд мақолаҳои илмии ӯ дарҷ гардидаанд. Дар проектҳои маъмурияти кишвари Пермь фаъолона иштирок кардааст. Дар нашри китобҳои илмии секторӣ таҳқиқотҳои илмии шӯъбаи таърих, археология ва этнографияи маркази илмии УрО РАН- дар Академияи Илмҳои Федератсияи Россия дар минтақаи Урал саҳмгузорӣ намуда, мақолаҳои илмӣ дар лоиҳаҳои мавҷуд буда чоп намудааст ва дар мавзӯъҳои мубрам ҳамкорӣ намудааст.
Якҷоя бо маъмурияти Ҳукумати кишвари Пермь бо маъмурияти шаҳри Пермь ва донишгоҳи Давлатии педагогии шаҳри Пермь дар лоиҳаи “Мигранты Пермского края” иштирок намуда, китоб бо мавзӯи “Ҷиҳатҳои минтақавии истифодаи забони русӣ дар кишвари Пермь», «Региональные аспекты использования русского языка в Пермском крае» ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ тайёр карда, инчунин ба тариқи ба таври сабти овозӣ ӯ ин маводҳоро дастраси хонандагон кардааст.
Дар рӯзномаи “Пятница”-и кишвари Пермь мақолаи “Основные тенденции и проблемы таджикских мигрантов в Перми” дарҷ шудааст. Якчанд мақолаҳояш дар журнали “Альманах Перми” бо номи “Русский язык для мигранта” “Особенности использования русского языка для мигрантов”, «Мигранты в Перми» ва ғайраҳо ба чоп расидаанд. Дар Форумҳои илмии Федератсияи Россия иштирок менамояд, маводу мақолаҳои илмияш дар нашриётҳои ВАК-и Федератсияи Россия чоп гардидаанд.
Соли 2009 ӯ муовини раиси Ҷамъияти тоҷикистониён дар кишвари Пермь оид ба корҳои занон ва намояндаи аз ҷамъияти «Тоҷикон» дар назди губернатори Кишвари Пермь оид ба иттилоот таъин мегардад.
Дар Форумҳои илмии Федератсияи Россия иштирок менамояд, маводу мақолаҳои илмияш дар нашриётҳои ВАК-и Федератсияи Россия ба табъ расидаанд.
Дар форуми илмие, ки бо ҳайати намояндаҳои давлатҳои гуногун дар Республикаи Тотористон, таҳти мавзуи «Мусульманские социумы и государства Евразии в ХХI веке: Внутренние процессы, внешние влияния, перспективы и модернизации» гузаронида мешавад, мунтазам бо маърӯзаҳои илмӣ баромад менамояд.
Аз соли 2017 инҷониб хабарнигори ҷамоавӣ, аз соли 2020 сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон» дар нашрияи русиашро дар ӯҳдаи худ дорад.
Машҳура Оқилова, соҳиби се фарзанд мебошад. Фарзанди калонӣ Расулов Умедчон Ғаниевич соли таваллудаш 10 июни 1985, дар коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил кардааст ва соҳиби ихтисоси муаллими таърих мебошад. Ҳоло донишҷӯи ғоибонаи роҳи оҳани филиали Донишгоҳи давлатии Урал (“Пермский филиал Уральского Государственного университета путей сообщения”) мебошад. Дуюмин фарзандаш Расулов Бахтиёрҷон Ғаниевич ба Донишгоҳи авиатсионии шаҳри Санкт Петербург соли 2006 дохил мешавад. Фарзанди хурдиаш Расулова Рухшона Fаниевна шӯъбаи тарроҳии Донишгоҳи давлатии минтақаи Урали шаҳри Пермь “ПДГ Уралро” ба хатм расонидааст.