Мухаммас

Мухаммас бар ғазали А.Шукӯҳӣ

Зи ҳаҷрат, ки мурдам, рӯҳам менависад,
Ба мисли нақши хулдирам менависад
Ваё фасли Қайсам Аҷам менависад
“Суханро, ки кас бо қалам менависад,
Гаҳ аз шодӣ гаҳ аз алам менависад”.

Зи сӯзҳои ишқи дардошноро,
Зи қури дилкабоби васлгадоро,
Зи аҷзи тану рӯҳи ҳиҷрваборо
“Саҳифа-саҳифа китоби вафоро,
Дилам дар сари ҳар қадам менависад”.

Зи сӯзу талхӣ биафшонад боронро,
Даме дам надиҳад лашкари мижгонро.
Зи туриаш куҷо бинам чеҳри ҷононро,
“Ба шабнам ба рухсори гул сеҳри онро,
Барои шумо субҳдам менависад”.

Чӣ созад дар ин ҳоле, ки пеш санг аст,
Агарчанд хурӯшидани ишқ Ганг аст.
Агарчи хома саропо ранг-ранг аст,
“Чӣ гӯяд ба тавсифатон вақт танг аст
Шукӯҳӣ умуман, ки кам менависад”.

Нигоҳам ба замин: гуледу шом, маҳтоб,
Зи қуллакуҳ сарбурунии офтоб
ҳамин сон ба назар чӣ дар рӯзу чӣ дар хоб,
“Шумо гул, шумо ҷон, шумо гавҳари ноёб
Аз ин рӯ вай охир чӣ ҳам менависад”.

Мухаммас бар ғазали А.Раҳматзод
Он ки гаштӣ ҳамчу Тусӣ дар сухан мири сухан,
Ин ҷаҳону он ҷаҳон ҳасти ҷаҳонгири сухан.
Бедилосо фитраташ аз фитрати хизри сухан,
“Хоб дидам дар биҳишти ҷовидон пири сухан,
Мекунад андеша аз фардои тақдири сухан”.

Аз дили ҷоҳил ҳаме мӯрӣ кашад дуди кабуд,
Аз азал чунки ҳамин меросии иблисӣ буд.
Ё бидидӣ кулбаи ҳар гӯшае бепоя буд?
Барқ чун ҷавлони оташ бар ҷигаргоҳи ҳасуд,
Мезанад Фирдавсӣ бар Маҳмуд шамшери сухан.

Вой ба ҳоли он касе к-аз омади худ бехабар,
Меҳмонӣ омадӣ, аммо Худои карру фар,
Ин дурӯза умр ҳам лағжиданаш то нӯги ҷар…
“То кунун ҷон меканад Сӯҳроб аз теғи падар
Нушдору нешдору шуд зи таъсири сухан”.

Булбашар аз нори дил бирёну қалбаш реш-реш,
Рашки Қобил қатл бинмуд ҳобили ҳамхун чу меш.
Сахт қапад домани талбис қафою он ба пеш,
“Меканад Таҳминаи нолон каманди мӯи хеш,
Дидаи пурхун нишони миллаи тири сухан”.

Байти тар умран ҳаёти килккори шоир аст,
Дар шикори сайди маънӣ лоиқосо қодир аст.
ҳастии умри дурӯза аз ҳамин беохир аст,
“Шеър тифли нозпарварди хаёли нодир аст,
Мемакад аз синаи пурхуни мо шири сухан”.

Мухаммасбар ғазали Ашӯр Сафар
Ба гушам чун расад овои модар,
ҳамоно даррасам маъвои модар.
Биҳишт охир бувад кафпои модар,
“Нагирам дида аз дунёи модар,
Хаёлам банди ташвишҳои модар”.

Тамоми умри худ иштоб дорад,
Агарчӣ ӯ тани бетоб дорад.
Ба тифлон саҷдаи меҳроб дорад,
“Ту гӯи ҳастӣ аз симоб дорад,
Ки бошад беқарор афзои модар”.

Гаҳе уфтам ба зери бори пурғам,
Зи мижгонам чакад борони шабнам.
Чӣ сон сабри Аюб ғунҷад ба қалбам?…
“Диламро мекушад дар сина ҳар дам,
Камонгашта қади болои модар”.

Каломи рифъатам доди худояст,
Румузи маъниаш беинтиҳояст.
Зи авсофам ватан-модар ризояст,
Сарам “гар аз зафар то бар самояст,
Бигардад хам ба пеши пои модар”.

Ба дунё панду эҳсоне, ки дилҷуст,
Савоби Арш меёбӣ, шавӣ дӯст.
Ба сони байти шоир, ки адабгӯст,
“Ба олам одами дилсӯз некӯст,
Касе аммо нагирад ҷои модар”.

Мухаммас бар ғазали А.Воситзода
Кишварам чун манзили ҳубулватан гул мекунад,
ҳалқапечаш кӯҳҳо, ҷавшан ба тан, гул мекунад.
Домани ҳар хиттаи дашту даман гул мекунад,
“Навбаҳораш даррасид боғу чаман гул мекунад,
Дар дили масрури ман меҳри ватан гул мекунад”.

Лолаи исёвушӣ андар дили саҳрою кишт,
Медиҳад бар мо дарак аз родхобони биҳишт.
Суғдмулкам, ҷаннатӣ, фахр бинмо, аз сарнавишт,
“Ин ҳама сарманҳилӣ аз Зулолҷалоласту сиришт,
Сар ба сар ҳар хиттаи сабзу суман гул мекунад”.

Аз қудуми файзи истиқлолият ободӣ аст,
Чунки ин бар миллати оринажод озодӣ аст.
Маҳз бо ин то абад аз баҳри мо дилшодӣ аст,
“ҳар футуҳе мекунем, бо бозуи фарҳодӣ аст,
Боғи бахти бехазони марду зан гул мекунад”.

Обу хоки мамлакат болотар аз дурри Адан,
Бар тавофаш дӯстон дил додаанд аз ҳар ватан.
Нашъабардорӣ кунанд, то аз барои хештан,
“Чунки ин чо дӯстӣ мепарварад ҳар марду зан,
Дар дили ҳар мардумаш панди сухан гул мекунад”.