Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия, Намояндаи ваколатдор дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ бо Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ И. Нематов

4 феврали соли 2021 Сафири Тоҷикистон дар Россия, Намояндаи ваколатдор дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ И. Сатторов бо Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ И. Нематов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳод, аз ҷумла, ҷоннок намудани ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар самти таъмини фаъолияти самараноки минтақаи савдои озоди ИДМ, муқовимат бар зидди паёмадҳои манфии COVID-19 ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мавриди муҳокима қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҳаракати озоди молу маҳсулот, сармоягузорӣ ва хидматрасонӣ миёни кишварҳои узви Созмон дар давраи пандемия зоҳир карда шуд.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон И.Сатторов таъкид кард, ки Тоҷикистон татбиқи сиёсати созандаро дар доираи Иттиҳод идома дода, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаи эътимод, дӯстӣ ва шарикӣ ба ҳамаи кишварҳои узв мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия