Мулоқоти роҳбарияти вилояти Хатлон бо соҳибкорон ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия

27 январи соли 2020 бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти гурӯҳи кории намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии Муовини раиси вилоят Раҷабов Раҷабалӣ бо соҳибкорони тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов чорабиниро ифтитоҳ намуда, бо арзи сипос аз ҳузури иштирокдорон, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар, роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барқарор кардани робитаҳои мустақими корӣ байни соҳибкорони ду кишвар мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён презентатсия дар бораи шароити мусоиди иқтисодӣ ва сармоягузории вилояти Хатлон барои фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ маълумот ва муаррифномаҳо пешкаш шуд. Муовини раиси вилоят Раҷабов Раҷабалӣ зарурати рушду таҳкими ҳамкориҳоро бо соҳибкорони Россия дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба рушди маҷмӯи соҳаҳои иқтисодии минтақавӣ, инчунин бунёди корхонаҳои хурду миёна ва муассисаҳои иҷтимоӣ таъкид намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои марбут ба баргузории ҳамоиши иқтисодӣ дар ш.Москва дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон” дар соли ҷорӣ заминаи хуби омодагирӣ гардид.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия