Ҳолнома

Шаҳри бостонии Хуҷанд-Тирози ҷаҳон

Олами зебои зани тоҷик ва рӯзноманигори шинохта

Шиносоӣ бо ин зани ситорагарму кушодачеҳра ва хушсухану оташинқалб ба кас як ҷаҳон фараҳ меорад, зеро ӯ шахсест, ки тамоми хислатҳои некӯи инсонӣ дар сиришташ ғунҷоиш ёфта, ҳамаи зебоиҳои олам дар сураташ ҷамъ омадаанд. ӯ дунёи зебои ботинӣ дорад, ки на ҳар кас қобилияти дарки ин зебоиҳо дорад. Вақте кас бо ӯ ҳамсӯҳбат мешавад, дунёи зебои зан бо тамоми шебу фарозаш, бузургиву паҳноияш падидор мешавад, зеро ӯ як ҷаҳон роз аст, ки зери пардаи ҳарири сухан ва шевои гуфтор пинҳон мондааст. Бале, ӯ аз зумраи он нафаронест, ки тавассути сухандониву суханпардозиаш метавонад дили ҳар касро тасхир созаду мафтун кунад. Бо тарҷумаи ҳолаш ва қадамҳои устувори фаъолияташ ҳарф задан ба маврид аст, зеро на ҳар кас метавонад бо чунин азми қатъиву иродаи мустаҳкам дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ устуворона қадам зада, ба муваффақиятҳо ноил гардад.
Ин зани сартопо оташ, ин бонуи фаъоли ҷамъият, ин шахси камназиру хоксор рӯзноманигори бомаҳорат, ки аз килки хомааш беҳтарин сухан ба рӯи коғази сафед мерезад, суханвари мумтоз, ки қалам зери дасташ зебо ба арғушт меравад, Маҳфуза Маҳмудҷоновна Оқилова мебошад.
Маҳфуза Оқилова. Ин ном бешак имрӯз ба чандин ҳазор сокини шаҳри бостонии Хуҷанд, гузашта аз ин, ба тамоми тоҷикони ҷаҳон басо азизу ошност. Ин номро ҳазорон нафар мисли номи шахси наздикаш медонаду соҳиби онро ҳамчун хоҳар, модар, умуман инсони нек мешиносад. Зеро дар навиштаҳои Маҳфуза Оқилова яке дарди дили худро мехонаду дигаре роҳи дурусти ҳалли муаммояшро интихоб мекунад, сеюмӣ ба саволаш ҷавоб мегираду чорумӣ аз вазъияти ноқулай роҳи наҷот мебинад.
Ӯ тамоми умр бо рӯзноманигорӣ қаробат дорад ва дар матбуоти давр навиштаҳояшро интишор медиҳад. Зеро рисолаташ маҳз дар инъикоси воқеаву навиштани матлаби дил аён гаштааст. ӯ таърих менигорад, гузориш менависад, хабар омода месозад, ӯ бо шахсони обрӯманди шаҳр дар мавзӯъҳои муҳим мусоҳиба меорояд, аз ҳаёт ва фаъолияти нафарони номӣ лавҳаву очерк меофарад, ӯ рози дили инсонҳоро мешунавад, аз ноадолатиҳои зиндагӣ ба шӯр меояд, дилаш тоб мехӯрад ва бо алам қалам мегираду қисса менависад, хуни дил рӯи коғаз мечаконад.
Маҳфуза Оқилова мисли дигар одамон метавонад соатҳо бо каси корафтода ҳамсӯҳбат гардад, ба ӯ маслиҳати муфид диҳад, вале танҳо ҳамчун журналист метавонад аз ҳаёти дидаи ин нафар барои худу дигарон дарси ибрат гирифта, ҳарфҳои дар умқи дилаш ниҳонбударо рӯи коғази маҷалла ифшо кунад. Бо овардани факту далелҳои қотеъ фикрашро баён сохта, бо сухандониву суханпардозӣ маводи ҷолибу хонданӣ пешкаши хонандагон гардонад.
Маҳфуза Оқилова ҳамчун мураббӣ ба рӯзноманигорони ҷавон дарс мегӯяд, аз боби маҳорату малака, аз боби зиндагиву қисмат, аз боби рӯзгору сариштакорӣ. ӯ бисёр қисса мекунад, ҳаёти бачагиву наврасӣ, айёми ҷавониву донишҷӯӣ ва рӯзгодориашро ба хотир меорад ва бо ин гӯё онҳоро ҳушдор медиҳад, ки дар кадом вазъият одам бояд чӣ гуна рафтор кунад, то сарбаландонаву бо номи нек зиндагӣ идома диҳад.
Маҳфуза Оқилова 14 июли соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар оғӯши табиати биҳиштосои диёр бо нозу карашмаи кӯдакона, дар домони биҳиштии модари дилбанд ба воя расидааст. Мактаби миёнаи № 15-ро ҳам бомуваффақият хонда, ба итмом расонд. Азбаски дониши чуқуру ҷаҳонбинии васеъ дошт, омӯзгорону волидайнаш барои идомаи таҳсил дар мактаби олӣ тавсия доданд. Маҳфуза Оқилова ҳам тарафдори ин иқдом буд. Аз ин лиҳоз, ҳуҷҷатҳояшро тахт карду ба мактаби олӣ тайёрӣ дид. Имтиҳонҳоро бо муваффақият супурда, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дохил шуд.
Маҳфуза Оқилова азбаски аз оилаи зиёӣ ба дунё омадааст, аз овони хурдсолӣ ба назму адабиёт шавқи беандоза пайдо кард. Аз модаркалони меҳрубонаш Меҳринисо Зарифова, ки зани оқилаву доно ва шоира буд, олам-олам меҳр гирифт. Падараш Маҳмудҷон Оқилов ҳам номзади илмҳои филологӣ, узви Шарқшиносони Осиёи Марказӣ, рӯзноманигор ва шоир буда, ба қалби фарзандонаш оташаки илмро барафрохтааст. Модараш Қутфиябону Оқилова қаҳрамонмодар, чевари моҳир ва табиби халқӣ буда, умри бобаракаташро сарфи таълиму тарбияи фарзандон кардааст.
Маҳфузабону Оқилова аз хурдӣ ба навиштани таронаву ҳикоя ва новелла шавқу завқи зиёд дошт. Солҳои мактабхонӣ мақолаҳояш дар рӯзномаҳои вилоятию ҷумҳурӣ чоп шуда, сазовори мукофотҳо шудааст.
Пас аз хатми мактаби олӣ ба фаъолият пардохта, аввал дар редаксияи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ҳамчун мусаҳҳеҳ кор кард. Ин муҳити созгори корӣ имконият фароҳам овард, то Маҳфуза Оқиловаи навқадам мавқеъ пайдо кунад ва барои худ пайроҳаи тоза кушояд. ӯ дар он ҷо зиёда аз 20 сол дар вазифаҳои чопгари калон, телетайпист, хабарнигор, тарҷумон заҳмат кашидааст. Маҳз ҳамин талошҳо ва такопӯҳояш барои расидан ба мақсади ниҳоии дилаш – доштани нашрияи худ ба ӯ мададгор шуданд.
Солҳои 80-уми қарни гузашта дар як вақт ҳам кор карду ҳам дар аспирантура, шӯъбаи фалсафаи Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол таҳсил кард ва ҳамаи минимумҳои номзадиро бо баҳои аъло супурд. Дар мавзӯи «Ҷаҳонбинии ахлоқии аллома Аҳмади Дониш» кори илмӣ навишт.
Солҳои 90-ум ӯро ба Иттифоқи матлуботи вилояти Суғд ба кор мефиристанд. Дар ин ҷо низ ӯ вазифаи телетайпист ва тарҷумониро ба ҷо оварда, солҳои 1992-1994 дар Раёсати корҳои дохилии Ҳукумати вилояти Суғд дар шӯъбаи ахбор фаъолият мебарад. Солҳои 1994-1999 дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Fафуров яке аз аввалинҳо шуда, мағозаи тиҷоратӣ ташкил карда, дар он ҷо заҳмат кашид.
Соли 1998 ба нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон «Шӯълаи умед» дар вазифаи мудири шӯъбаи фарҳанг ба кор меояд. Дере нагузашта, аз қобилияти хуби сарвариаш роҳбарон огоҳ мегарданд ва Маҳфуза Оқилова дар мансабҳои ҷонишини сардабир ва сардабир фаъолияташро идома медиҳад.
Соли 2005 барои эҳё кардани бозори машҳури «Афросиёб», ки байни халқ чун «Афғонбозор» машҳур аст, бо ҳамроҳии бародаронаш Ҳоҷӣ Афхоз ва Ҳоҷӣ Fуфронҷон ба ҳайси иҷрокунандаи раиси хоҷагии хайриявии «Сомониён» фаъолият намуд.
Ҳамроҳи падараш шарқшинос Маҳмудҷон Оқилов китобҳои бисёри илмӣ, методӣ навиштааст. Ҳикояҳои хубу пандомезаш дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Оила», «Шӯълаи умед», «Рухшона», «Оилаи Суғдиён» борҳо чоп шудаанд.
Соли 2003 барои пурмазмун, зиёд будани нусха ва аз ҷиҳати сиёсӣ баланд будани рӯзномаи «Шӯълаи умед» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнаташро бо ифтихорнома қадр карданд.
Ниҳоят соли 2007 Маҳфуза Оқилова ба орзуи деринааш расид, яъне ҶДММ «Оилаи Суғдиён»-ро таъсис дода, ба ҳайси муассис ва директор кор кард ва моҳи майи соли 2011 ҶДММ «Тоҷикони ҷаҳон»-ро низ кушода, то ба имрӯз муассис, директори кулл ва сармуҳаррири он мебошад.
Маҳфуза Оқилова байни ҳамкорон ва ҳамкасбон обрӯи махсус дорад. Дар ҳозиру ғоибаш касе наметавонад ҳатто фикре, ки муқобили ӯ бошад, ба сараш роҳ диҳад, зеро ӯ ҳамин гуна инсон аст, ки бо як ҳарфу ҳиҷо, бо як сухану сӯҳбат ба дил ҷой мегирад ва меҳрашро ҷойгузин мегардонад. Хислати аз ҳама хубаш муросокориаш аст. ӯро боре ҳам дар ҳолати асабоният дучор намеоед, ҳамеша ботамкин, орому осуда кор мекунад.
Ногуфта намонад, ки чанд муддат таҳти роҳбарии ин зани меҳнатдӯст рӯзномаи «Рухшона» фаъолият намудааст, ки он махсус масъалаҳои зисту зиндагонии занон, саҳми онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва илму фарҳангӣ, масъалаи баробарҳуқуқии марду зан, маънавиёти духтарон ва роҳҳо ҳалли муаммоҳои ҳаёти занону духтарони имрӯза гирифта шуда, аҳамияти хоси тарбиявӣ доранд.
Маҳфуза Оқилова ҳам дар ҷодаи фаъолият, ҳам дар самти зиндагӣ, ҳам дар ҷараёни рӯзгордорӣ ва ҳам дар ҷабҳаи тарбияи фарзанд ба муваффақият расидааст. Фарзандони дилбандаш Манучеҳру Таҳмина ва Парвина аз мактаби рӯзгордории модари азизашон дарси ибрат гирифтаву таҷриба пайдо карда, имрӯз ҳар яке оилаи худро обод мекунад. Ҳар се дар тарбияи фарзандашон доимо усули корбарии модарашонро ба ёд оварда, онҳоро дар рӯҳияи нек ба воя мерасонанд. Маҳфуза Оқилова фарзандонашро тавре тарбияву савод дода, ки онҳо ба модари худ мисли дугона муносибат мекунанд, муҳимаш рози дили ҳамдигарро беҳтар аз дигарон гӯш мекунанду мефаҳманд.
Манучеҳр хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров буда, факултаи забонҳои хориҷиро ба итмом расондааст. Аз соли 2011 директори ҶДММ «Оилаи Суғдиён» ва ҳоло муовини директори кулли ҶДММ «Тоҷикони ҷаҳон» мебошад. Таҳмина ҳам хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров буда, айни замон хабарнигори маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон» аст. Духтари хурдӣ Парвина бошад, хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, ҳоло аспиранти ҳамин донишгоҳ мебошад.
Барои ба дастовардҳои бузурги кориву оилавӣ расидани Маҳфузабону Оқилова ҳамсари дилбанду вафодораш Абдуқодир Дадобоевич Мирсаидов саҳми хеле бориз дорад. Зеро маҳз тавассути дастгириву ғамхориҳояш Маҳфуза Оқилова тавонистааст, ки соҳиби обрӯву нуфуз гашта, бо сарбаландиву некномӣ қадам задааст. Абдуқодир Мирсаидов сармуаллими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров буда, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҳфуза Оқилова дар оғӯши нӯҳ набераҳои ширини худ, Адибахону Мадинахон, Анушервону Мафтунахон, Муслимаҷону Фарзонахон, Абдуллоҳу Марям ва Сабрина муддате қарор гирифта, худро хушбахттарин инсон мешуморад. Дар олами кӯдаконаи онҳо сайру бозӣ мекунад ва аз гузашти соатҳову рӯзҳо бехабар мемонад. Бале, кӯдак олами пур аз тахайюл, саршор аз бозичаву лабрез аз ханда аст. Фарзандони Маҳфуза Оқилова ҳам сипосманд аз модарашон ҳастанд, ки дар интихоби роҳи касб кӯмак карда, сӯи олами илм ва журналистӣ раҳ кушод. ӯ бе ҳеҷ шакке мутахассиси асил аст.
Дар хусуси чӣ гуна модар будан худи Маҳфуза Оқилова гуфт: -Гумон мекунам, ки модари хубам, зеро новобаста ба ташвишҳои кориву сертараддудиям пеш ҳама масъулияти ман ҳамчун МОДАР ифода шудааст. Тамоми шароитро барои фарзандонам муҳайё кардам, то онҳо хуб тарбия ёфта, барои ман беҳтарин фарзанд, барои халқу ватан беҳтарин шаҳрванд ба камол расанд. Барои ин бисёр заҳмат кашидам, бисёр кор кардам ва бештар бо онҳо вақт гузаронидам, зеро онҳо дунёи мананд.
Узви Конфендератсияи журналистони ИҶСШ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви комиссияи назорати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ Маҳфуза Оқилова ба насли ҷавони рӯзноманигорон бо чашми нек менигарад, зеро дар симои онҳо ояндаи пурнишоти соҳаи журналистикаро мебинад. Бо онҳо ҳамеша забон меёбад, чунки дили ҷавон дорад. Ҳамеша маслиҳатгару насиҳатгари журналистони ҷавон аст, навиштаи онҳоро таҳриру таҳлил мекунад, фикру ақидаҳояшро ба онҳо баён месозад, то дар оянда ин ҷавонони навқалам дар ҷодаи навиштану ҷамъоварии факту далел бо душвориҳо рӯ ба рӯ нагарданд.
Мавзӯъҳое, ки Маҳфуза Оқилова бештар рӯи коғаз мерезад, оид ба соҳаи саноату иқтисодиёт, тиббу маориф, ободониву хизматрасонӣ, ҳаёту фаъолияти занону духтарон, шахсони неку номӣ ва умуман, ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим мебошад. Умуман, коре, ки ин инсони матинирода, зани ҳалиму хоксор, журналисти босалиқа Маҳфуза Оқилова ӯ бар зимма дорад, яке аз фаъолиятҳои пурмасъул, вале бисёр ҷолибу фараҳовар аст. Зеро дар муҳити пур коғазу қалам, факту далел фаъолият бурдан ба инсони соҳибқалам як ҷаҳон фараҳ меоварад. Ин аст, ки ӯ касбашро дӯст медораду тайёр аст боз як зиндагии дигарро сарфи ин кор кунад.