Мактуби зани ношинос

Мактуби зани ношинос

Ман дар шаҳри Хуҷанд зист дорам. Солҳои зиёд дар ҷаридаи овозадори «Ҳақиқати Ленинобод» кор кардам. Бо сармуҳаррир Fуфронҷон Рустамов маслиҳату машварат карда, ҳамроҳи Мавлуда Шарифова саҳифаи бонувон «Парасту»-ро мунтазам интишор мекардем. Саҳифаи «Парасту» писанди бонувони вилояти Ленинобод гардида. Аз занону духтарони боиффат ба шӯъбаи партиявӣ мактубҳои зиёде меомад. Хонандагон саҳифаи навбатиро интизор мешуданд.
Ҳамон рӯзҳо мактубе ба дастам афтод… Дар он ишорае буд: Ба саҳифаи «Парасту» лоиқ шуморед, онро чоп кунед. Мактуб бе имзо буд. Мактубро гаштаву баргашта хондам.
Рӯзе занги телефун садо дод. Гӯширо бардоштам. Садои хуши зани ношинос танин дошт: Соҳиби мактуби бе имзо ман ҳастам. Ҳарчанд, ки илтиҷо кардам, вале вай номашро нагуфт. Танҳо хоҳиш кард, ки мактубро чоп накунам. Вақт худаш тарбиятгар аст… Ягон вақт… Ҳаминро гуфту гӯшаки телефунро монд.
Аз ин воқеа солҳои бисёре сипарӣ шуданд. Мактуби зани ношинос дилпазир, хонданбоб буд. Ҳикматҳои зиёде овардааст ӯ.
Зани ношинос мактубатро дар рӯзномаи навбунёди «Меҳри дунё» чоп мекунам. Бо дили гарм рӯи чоп меорам онро. Ба рӯи саҳифаи нафиси қоuаз меҳру муҳаббатҳои туро чакра-чакра мерезам. Таронаҳои муҳаббат танинандоз мегардад.
Дар кӯчаҳои шаҳри зебо пой мегузораму навиштаи зани ношинос пеши назарам ҷилвагар мешавад. Зани хуҷандӣ дили пок, нияти нек, дили бузург, ишқи нотакрор доштааст. Ҳар як сатраш аз ифшои рози ниҳон чун шӯъла аланга гирифта медурахшад.
МаҳфузабонуМАКТУБИ ЗАНИ НОШИНОС
… Ва Худо омӯзандаву меҳрубон аст. Ҳарчӣ аз дили инсон бигзарад он хуш аст, вале муҳаббат оташи абадист. Вай ҳамеша аланга мезанад. Ҳеҷ гоҳ қалби зан шарораҳои муҳаббатро, ки зиндагиро рангоранг менамояд, фаромӯш нахоҳад кард.
Аз ҳакиме пурсиданд: -Дунёро чӣ хел дарёфтӣ? Гуфт: -Аз як дар даромадаму аз дигараш баромадам. Пас дар мобайни ин ду дар пастиву баландиҳо, uаму uуссаву шириниҳо мавҷуданд.
Дар сӯҳбате аз ман пурсиданд:
-Бахт чист?
Ман бо ифтихор гуфтам:
-Бахт вақте, ки туро мефаҳманд.
Парранда ба худ буттаеро интихоб мекунад ва дар он ҷо бо тамоми истеъдодаш мехонад. Аз ин овози хушу дилнавоз Худованд завқ мебарад.
Ман соле пеш дафтарро харида будам. Имрӯз мебинам, ки он аз навиштаҳо пур шудааст. Лаҳзаҳои хотирмони зиндагиамро навиштаам.
Мегӯянд, ки барфи сап-сафед сард аст. Лек он умеду орзуи ман, бахти сафеди ман аст.
Ду рӯз мешавад, ки аз ҳамсояписар Даврон дараке нест. Ҳаво изuиринг, хунукии сахт ҳукмрон аст. Ба нуқтаҳои дуродур менигарам, аз ҳеҷ ҷо садое намеояд. Танам хунукиро ҳис намекард. Ҳарчанд, ки дар тан ҷомаи тунук дорам. Пайваста роҳашро мепоям. Интизорам, ҳаво хунук, вале чашмонамро аз роҳ намеканам.
Алқисса нисфи шаб шуд. Ҳатто садои мошин ҳам нест. Ба хона даромадам. Ба рӯи қоuаз сатрҳо аз нӯги қалам рехтам.
… Қалби ман имрӯз аз ишқи ногаҳонӣ лабрез аст. Ҳеҷ гумон надоштам, ки роҳи ҳамсояписарро ҳамин қадар интизорӣ мекашам. Охир ӯ бароям бо ишораи дӯстдорӣ сухане гарчӣ ҳадя накардааст, чаро ман ба ӯ дил додам? Солҳои зиёд бо ӯ дӯстам. Ҳар ду дар як синф таҳсил мекунем. Ҳамроҳ ба мактаб меравем, якҷоя дарс тайёр мекунем. Нисфи шаб дар хонаи хомӯши ман чароu фурӯзон аст. Ягона сухане, ки зери лаб замзама кардам, чунин оҳанг дошт:
– Хушбахтии туро мехоҳам, азизам…
Ту куҷо рафта бошӣ. Мошини кабудрангат наменамояд.
Туро надида рӯзро шаб кардам. Бисёр хаёл мекунам. Дилам таҳ мекашад. Оҳиста худамро тасалло доданӣ шуда, пайваста андеша меронам. Зиндагӣ ҳамвор нест, балки вай каҷу килебиҳо, пастиву баландиҳои бисёре дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар чил рӯз як рӯзи шодмонӣ ва 39 рӯзи uам рост меояд. Зиндагӣ аз одам пурбардоштӣ, пуртоқатӣ, сабуриро мехоҳад.
Чеҳраи зебояш, қаду қомати баландаш назаррабост. Сӯҳбаташ гуворост, писари ҳамсоя. Ҳамнафас будан бо ӯ хуш аст. Туман агарчӣ uафс аст, аз он роҳи баромаде ҳаст. Аз ҳама асосӣ навмед нашуда, қадами устувор ба пеш гузоштан мебояд. Туман оҳиста меравад. Ситораҳои зебои осмон аз нав шӯъла меафкананд. Акси он дар рӯи барфи сап-сафед зеботар метобад. Боз ба осмон менигарам. Ситораҳои дурахшони осмон дили шабро чок карда, зебо медурахшанд. Бо як умеди ҳузнангез сурудеро зери лаб зам-зама мекунам:
Саҳар омад, баро ситораи ман,
Бе ту кардам хато, ситораи ман.
Аз дур мошин намудор шуд ва он наздик расид. Даврон мошинашро ба ҳавлӣ дароварду чароuи хонааш даргирифт.
Дилам ором ёфт. Сарамро ба болишт мондам. Суханҳое, ки бароят мегӯям, онҳо садо надоранд. Фақат номатро ба забон мегираму халос. Борҳо ҷуръат карда хостам, ки гӯям: Туро дӯст медорам. Аз санг садо мебарояду аммо аз мани сангдил не. Гумон макун, ки ман беҷуръатам ва туро намехоста бошам. Чашмонатро шикор карданиям, аммо камон надорам, дар орзуи сохтани камонам!
…Дил, ки ҳамеша аз пайи ту равон аст, чӣ тавр онро аз роҳ бидорам, чӣ тавр, чӣ тавр?
Чашмонам аз нигоҳ сер намешавад. Мехоҳад наззора кунад, туро ҷӯяд ва туро аз таҳи дил мехоҳад.
Азизам, дил, ки меравад, чаро ман аз пасаш наравам?!
Мақсади ман бо ту будан аст.
Нигоҳ!!! Ай нигоҳҳо. Дилам фақат ба сӯйи ту равон аст. Туро меҷӯяд, туро мехоҳад, туро парастиш мекунад. Хаёлам ба қомати нозанинат омада бармехӯрад. Дигар ман на ёрои сухан дораму на ёрои аз ту чашм кандан. Тамоман моту мабҳут хаёлмонд ба ту менигарам. Аз ин ҳолатам ту дасту по мехӯрӣ. Фақат бо овози марuуладору боҷарангат маро маҳзун медорӣ. Чашмони зебоят милтирос мезананд.
Ба ман ҳам иҷозат бидеҳ, то ки аз дидори зебоят сер шавам. Оне, ки аз ифшои роз намеҳаросаду аз имзо гузоштан наметарсад, ин манам.
Навиштаи зани ношинос ҳамин хел самимӣ ва дилпазир аст.
Азизони дил, албатта давоми мактубашро дар шумораи оянда мехонед.
Ба шумо аз Худованди меҳрубон сабру таҳаммул хоҳонам.