Ифтитоҳи филиали Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар Хуҷанд

25 марти соли 2019 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд филиали Бонки байналмилалии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Бояд ёдовар шуд, ки намояндагии Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар маркази вилоят аз соли 2014 инҷониб фаъолият дошт ва бо бештар шудани теъдоди муштариёни бонк тасмим гирифта шуд, ки шумораи филиалҳо зиёд карда шавад.
Раиси вилоят ифтитоҳи филиали Бонки байналмилалии Тоҷикистонро туҳфаи хуби наврӯзӣ барои мизоҷони бонк арзёбӣ намуда, бо шароити кории фароҳамшуда шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар филиали бонк 33 нафар мутахассисони ҷавон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Ҷалби бонувон ба кори бонкӣ дар мадди назари муассисон қарор гирифта, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 дарсади кормандони филиал аз ҳисоби занон интихоб шудаанд.
Ба Раиси вилоят инчунин иттилоъ доданд, ки Бонки байналмилалии Тоҷикистон имрӯзҳо бо як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкории самаранок дошта, дар ояндаи наздик дар шаҳри Панҷакент низ филиали худро боз менамояд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини бонк иброз дошт, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон бояд ба соҳибкороне, ки ба ҳунармандӣ машғул ҳастанд, қарзҳои имтиёзнокро пешниҳод намояд.
Моҳи апрел Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” гузаронида мешавад

Манбаъ: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд