Зулайхои ман

Зулайхои ман

Таронаҳои сурудаам пур аз дарду алам аст. Менависаму қомати хамидаам боз хамидатар, чашмони пурашкам боз пуробтар мегардад. Ҳамеша роҳи ту мепоям. Боре наздам намеоӣ. Маро суроғ наменамоӣ. Ба ту пазмон шудаам. Пинҳонӣ туро мебинам. Дилам андаке таскин меёбад. Мебинам, ки сиҳату саломат, тани сиҳат дорӣ шукргузорӣ мекунам.
Ҳама доду ғиревам, аламу дардам аз миён меравад. Ҳарчанд ки аз ту солҳо ҷудоям, ҳарчанд, ки ту ёдам намекунӣ, пазмонат мешавам.
Солҳои ҷавонӣ, рӯзҳои хуши ҷавониатро танҳо ман медонам. Ҳай чӣ рӯзҳои хуш буд. Туро, қомати базеби туро наззора мекардам. Чашмони дилангезатро шикор мекардам. Ба ҳар як нигоҳи пуршарораат бо меҳр ҷавоб мегардонидам. Ту ба шавқ меомадӣ, дили маро тасхир мекардӣ. Аввалин бӯсаҳои гарми лабонат тани маро ба ваҷд овардааст. Дастони гарми меҳрпарварат аҷаб ҳаловатбахш буданд. Ту бо ҳазорон умеду орзу бароям реҷаҳо мекашидӣ. Ҳамин тавр, зиндагӣ бо маҷрои худ меравад. Фақат як чиз аз ёди ман намеравад, ки ту мегуфтӣ: Дар ин дунё Зулайхои ман астӣ.

Пайғоми наврӯзӣ

Хиёбони Камол ва номаи ишқ

Баҳори файзбор ба Хуҷанди зебоманзар қадам ранҷа намудааст. Писару духтарони зебо дар пояи пайкараи Камоли Хуҷандӣ гул мегузоранд. Бо умеди он, ки зиндагиашон файзбахш, ҳаёташон пурнишот ва дар дилу дидаашон меҳр, ишқ, садоқат абадӣ ҷой дошта бошад.
Илтиҷои модарон, хоҳиши падарон ба ҳар як насли инсон дарси ибрат аст. Падару модарон назди муҷассамаи Камол меоянд ва кӯдакон онҳоро саволборон мекунанд.
-Бигӯед, Бобои Камол кистанд?
-Шайхи бузургворамон Камоли Хуҷандӣ шоири мумтози халқи тоҷик аст. Оиди хоки Ватанро азиз доштанаш ҳикояҳо мекунанд. Ба фикри Камол ватандорӣ дар як гӯшаи зодгоҳи худ нишастану бо хаёли обу дона рӯз бурдан нест. «Ватандорӣ, -ба фикри Фарзона ин аст, ки худи инсонҷузъи Ватан, ё оинаи Ватан бошад ва бо ҳусну хулқ ҷаҳонро гирад ва ҳар ҷое наравад Ватанро аз рӯи ӯ шиносанд».
Бӯсе ба остини ту дорем илтимос,
Маро бар ин дар аз ту ҳамин мултамас.
Эй шайхи бузургзод Мавлоно Камоллидин Масъуди Хуҷандӣ салому дуруд ба ту!Аз ашъори пандомезат бисёр лаззат бибурдем. Завқ аз он бурдем, ки шаҳди ширини зиндагӣ бароямон насиб гашта. Чӣ хуш Шайхи олимақом аз ишқи моҳрӯёни Хуҷанд, яъне Тирози ҷаҳон бархурдоранд. Ҳар як ҳарф, ҳар як ҳиҷо, мисраъ ва байтҳои эҷодкардаи шоир сеҳр доранд. Авлодони покнажоди мо ишқу зиндагӣ, бахтро бо он мазмуне тараннум мекунанд, ки танҳо ба якдигар дӯстию меҳр доранд. Ишқи эҷодкардаи шоир, Шайхи бузургвор, моро сарбаланд ва эҳсосеро ба ниҳодамон ҷой мекунад, ки беихтиёр суханони зеринро ба забон меорем:
-Имрӯз дар пояи пайкараи ҳуҷастатон, ки сари Хуҷандро ба осмон расонд, сари таъзим фуруд меорем ва аз Шумо Шайхи бузургвор дуо металабем.
Ин ҳама подоши заҳмат шабзиндадориҳо, кулфату ғам кашидани авлодон, муборизаҳои шадиду ғолибиятҳои онҳо буд, ки халқи тоҷик соҳибистиқлол гардид.
Эҳёгарон на фақат мероси адабии шоиронро зинда медоранд, балки хиёбонҳо сохтанд. Хиёбони Камол ҷойи аз ҳама зебову қашанги шаҳри Хуҷанд аст.
Шоираи зебогуфтори мо Фарзонаи Хуҷандӣ дар васфи Камол бисёр шеърҳо эҷод кардааст. Дар ҳаққи ӯ сухансароӣ намудааст.
Ишқ дунёи пурҳаловат аст, то мо китоби Камоли Хуҷандиро оҳиста варақ мезанем ва мебинем, ки ӯ ғарқи дарёи муҳаббат, ишқу зиндагист, Фарзонаи мо ба як маҳбубият ва самимият ба Камоли Хуҷандӣ номае ирсол мекунад, ки ҳоло онро ба муштариён пешкаш мекунем:
«Шайхи бузургвор! Наврӯзи дилафрӯз муборак бод ! Имрӯз пайкараи Шумо зиёратгоҳои аҳли дилу аҳли назар аст. Зиёраткардаи ҳар инсонест, ки ҷони ташнааш ҳамеша ба арзишҳои руҳонӣ ниёз дорад.