«Тоҷикони ҷаҳон»-
маҷаллаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ

Мо сарбаландона гуфта метавонем, ки ҷаҳони муосир тоҷиконро тариқи тамаддунофарон Зардуштру Авастояш, Имоми Аъзаму Фиқҳи Акбари беҳамтояш, Рӯдакиву Синову Фирдавсии Шоҳноманигору ҳикматсарояш мешиносанду Наврӯзи Аҷамро саросар ҷашн мегиранд.
Беш аз дусад мамлакати дунё таъмини сулҳу осоиштагии шаҳрвандии тоҷикон ва рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро пазируфта, бо давлатҳои дуру ҳамсоя ҳамзистии мутақобилан манфиатборро ба роҳ мондаанд. Имрӯзҳо тоҷикистониён дар тамоми гӯшаю канори сайёраамон зисту фаъолият доранд. Рӯзноманигорон, зиёиён ва равшанбинонро зарурате пеш омада, ки бо василаи ВАО ва маҷаллаву нашрияҳои маънаван ваҳдатсарову раҳнамо ва хушнамо, беҳтарин анъанаву дастовардҳо, навгониҳои таҳлилии рӯзгори пуриттилоъмуҳит, омилҳои муассир ба пешрафти зисту солимиву накӯаҳволии халқамонро ба мардуми диёрамон пешкаш менамоянд.
Маҷаллаи навтаъсиси мо бо шаҳодатномаи № 041004706 дар бахши Раёсати ташкилӣ ва бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ санаи 05 майи соли 2011 ба сабти давлатӣ ва 17 майи соли 2011 таҳти рақами 0143/мҷ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Бори дуввум шаҳодатнома дар бахши Раёсати ташкилӣ ва бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ санаи 29 августи соли 2016 таҳти рақами 0143/МҶ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Муассис ва сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон» Оқилова Маҳфуза Маҳмудҷоновна мебошад. Номбурда узви Иттиҳоди журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳиби якчанд ифтихорномаҳои зиёде мебошад.
«Тоҷикони ҷаҳон» ба хотири беҳдошту иршоди рӯзгори тоҷикон таъсис ёфта, ҳамаи масоили марбут ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маданӣ-маърифатии фарду оила, ҷамоатҳову коргоҳҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо ва маълумот дар бораи тоҷикони бурунмарзиро маводи интишориву таҳлилӣ қарор медиҳад.
Дар маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон» дар бораи шахсони фарҳангдӯст, ободгарони ҷумҳуриамон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, омӯзгорони варзида, соҳибкорони номӣ, табибони беҳтарин, кишоварзон, бонуҳои фаъоли ҷомеа мақолаҳо ва саҳифаҳои тиҷоратӣ чоп мекунем.
Ба саҳнаи маънавиёти муосир қадам гузоштани «Тоҷикони ҷаҳон» ба ҷаҳони тоҷикон ҳусну таровати нав, рангу ҷилои пурҷозиба, руҳи илҳомбахш, афкори наҷиб ҳадя месозад. Худо хоҳад он ба минбари озоди сухани ҳақ, лутфу меҳрубонӣ, ваҳдату истиқлол, муҳаббати безавол ва ба зиндагии шоистаи мардум тадбил хоҳад ёфт…
Маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон» навтаъсис аст ва барои минбари озоди сухани ҳақ табдил шуданаш дастгириҳо мехоҳад. Тамоми тоҷикони ҷаҳонро, ки дар шаҳру ноҳияҳо, давлатҳои бурунмарзӣ умр ба сар мебаранд, ба мутаҳҳидӣ даъват менамоем. Тоҷикони бурунмарзӣ ҳар яки мо ватани худро дӯст медорем ва аминам, ки дар бораи кору фаъолияти худ маълумот бароямон дастрас менамоед.
Ҳамватанони азиз ва тоҷикони бурунмарзӣ! Ба ҳамаи шумоён комёбиҳо, ҳаёти хуш, бахту иқбол, тани сиҳат ва хонаободӣ таманно мекунем.