Публисистика

Даврони бебарқиҳо гузашт

Ин шоми сияҳҷурдаву ин нимашаби тор,
Болини пур аз сангу ҳам ин дидаи бедор,
Аз дарди дилу гурда ҳай мекашам озор,
Ҷонам ба лаб омад шуда аз зиндагӣ безор.
Эй вой шаби тор,
Эй вой шаби тор.
На қуттии гўгирд ба дастам, на ду се тор,
Ман худ ба худ пўписа мекардаму гуфтор,
Аз торикии хонаву аз намии девор,
Меларзаму меларзам, чун барги сафедор.
Эй вой шаби тор,
Эй вой шаби тор.

Ин байтҳоро шоираи шаҳири тоҷик Озод Аминзода он рӯзҳое ба қалам дода буданд, ки баъди зарбхeрд дар садамаи автомобил дар бистари беморӣ хобида табобат мегирифтанд. Озод Аминзода танҳо як нафаре набуданд, ки аз ин гуна бебарқӣ дар азоб буданд. Қатори он нафарон садҳо пирони рӯзгордида аз бебарrӣ азобу машаққат кашидаанд.
Хўш, вазъи соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат дар он шабу рӯзҳо дар вилояти Суғд чӣ гуна буд? Мо бо ин савол ба мудири бахши саноат ва энергетикаи МИҲД-и вилояти Суғд муроҷиат кардем. Вай дар посухи саволи мо гуфт:
-Он шабу рўзҳо тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби ҷорӣ кардани маҳдудият ба иншоотҳои таъиноташон дуюмдараҷа ва аҳолӣ талаботи соҳаи саноати вилоятро пурра қонеъ карда мешуд,-гуфт ў,-зеро ҳамагон ба хуб медонистем, ки дар сурати фаъолият накардани соҳа масъалаи иҷрои буҷет муаммо мешуд…
Дар ин радиф муассисаҳои маорифу тандуруст аз маҳдудии барқ озод шуданд. Зимнан дар таркиби луғавии мардум ибораи «красный линий» пайдо шуд. Аниқтараш, нафарони корчаллон аз беморхонаву муассисаҳои маориф барои худ «хатти сурх» кашида меомаданд. Хуб дар ёд дорам, даврони роҳбарии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода (имрӯза Сарвазири мамлакат) анқариб ҳар ҷаласа хусусан дар фасли сармо мавзeи бебарқӣ ва «хатти сурх» мавзўи асосии фаъолон буд. Мутаассифона, аз ҷониби масъулони идораи барқрасон хешутаборчигӣ ҷиҳати додани «красный линий» ба ҳукми анъана даромада буд. Қоҳир Расулзода борҳо ба масъулони идораи барrрасон дастур медоданд, ки тамоми хатҳои барқи озод бурида, танҳо ба иншоотҳои ҳаётан муҳим-муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва саноат дода шавад. Ба гурўҳи кории МИҲД-и вилоят оид ба риояи талаботи таъминот бо барқ муҳаррири барномаи таҳлиливу танқидии телевизиони вилояти Суғд «Калтак» Насиба Мамадҷонова низ шомил буд.
-Мавзӯи асосии барномаи камина он шабу рӯзҳо ошкор кардани қонуншиканӣ ҷиҳати таъминот бо барқ буд,-мегӯяд, ў,- ҳамроҳи гурӯҳи корӣ мо муассисаҳои таъиноташон иҷтимоӣ ва аҳолии алоҳидаро ошкор мекардем, ки худсарона барои эҳтиёҷоташон «хатти сурх»-и барқ кашида буданд.
Дар ин радиф бозори фурўши муҳаррикҳои бо сӯзишворӣ барқдиҳанда (движок) басо тафсон шуд. Фурўшандагон аз рӯи мақоли халқии «бардорад зам кун» амал карда, нархи таҷҳизоти барқзоро зимнан боло мебардоштанд. Табиист, ки муҳаррикҳои истеҳсоли Чин зуд-зуд аз кор мебаромаданд ва барои таъмиру тармим эҳтиёҷ пайдо мешуд. Дар деҳаи наздишаҳрии Рўмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бародарон Юсуфхоҷаву Аскархўҷа ва Мақсудхўҷа Маллаевҳо дар айёми камбарқиҳо чунон серкор мешуданд, ки ба қавле «ба сархорӣ ҳам дасташон намерасид.»
-Ба мо на танҳо сокинони деҳа, балки атрофи шаҳри Хуҷанд низ таҷҳизоти хешро барои таъмир меоварданд,-мегӯяд Аскархўҷа,-таъмири таҷҳизот гоҳо то поси шаб тӯл мекашид.
-Алами бебарқ як сў,-мегӯяд, ҳамсояи ў, собиқадори матбуот Абдуғафур Аминов,- тарроси «движок»-и таъмирталаби ҳамсояустоҳо то поси шаб хобро аз дидагон мепарронд.
Он шабу рӯзҳо дар Хуҷанд ихтисоси нав бо номи «движокчӣ» пайдо шуд. Аниқтараш, ёфт шуданд нафароне, ки бо харидорӣ намудан аз таҷҳизоти барқии пуриқтидор дар тӯю маъракаҳои мардум онро гардонида табиист, барои ин хизматашон музд мегирифтанд.
Воқеан ҳам дар вилояти Суғд аз рӯи гуфти масъулони идораи барrрасон маҳдудият ба аҳоливу иншоотҳои таъиноташон дуюмдараҷа соли 1994 оғоз гардида, аввалҳо дар як шабонаруз 7-8 соат барқ дода мешуд. Зимнан, маҳдудкуниҳо афзуда солҳои 2007-2008 ва 2009 ба 2-3 соат дар як шабонарeз расид. Хуб дар ёд дорам, соли 2008-ум, ки зимистон қаҳратун шуд, дар деҳаи мо-Рeмон расо 3 моҳ барқ набуд. Моҳи декабри соли 2007-ум сафари кории Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сурат гирифта буд. Дар ин сафар Кохи фарҳанги ба номи Рўдакиро дар маркази вилоят ба истифода дода гуфта буданд:
-Ман дарду алами Шуморо аз чеҳраҳоятон мефаҳмам, аз камчинии барқ дар азоб ҳастед. Лекин чӣ илоҷ, мо ҳамаҷониба кўшида истодаем, ки бо бунёди чанд нерӯгоҳ, аз ҷумла НОБ-и Роғун ба истиқлолияти энергетикӣ расем. Акнун давраҳои камчинии барқ ба афсона табдил хоҳанд ёфт. Он рӯзи нек дур нест…
Гузашти вақту рӯзҳо исбот намуд, ки гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат беасос набуданд. Таъминот бо барқ дар қаламрави вилояти Суuд чун ҷузъи ҷудонашавандаи кишвар зимнан рў ба беҳбудӣ овард. Хусусан, бунёди зеристигоҳи хатти барқи «Суғд-500» (2006-20011) ба маблағи 340 млн. доллари Амрико дар ноҳияи Деваштич, ки хатти барқи шимолу ҷануби кишварро ба ҳам пайваст, вазъиятро хеле беҳ кард. Пешвои муаззами миллат зимни суханрониашон дар маросими ба истифода додани навбати якуми ин иншоот санаи 23 ноябри соли 2009-ум изҳор доштанд, ки «Иншооти муҳими аср бо техникаю технологияи навтарини соҳа муҷаҳҳаз гашта, зеристгоҳҳои он беҳтарин дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошанд. Таҷҳизоти пешрафтаи он, ки аз ҷониби ҳамагӣ 3 нафар идора карда мешавад, имкон медиҳад талафоти техникии нерӯи барқ 14% кам гардад.»
Дар худи ҳамин ҷой Пешвои миллат бори дигар аз «ҷабҳаи заҳмати созанда» эълон гаштани бунёди нерӯгоҳи Роғун ёдовар шуда, мардуми вилояти Суғд ва кулли мамлакатро ба саҳмгузории фаъол даъват намуд.
Ниҳоят баъди муроҷиати Президенти мамлакат оиди хариди саҳмияҳои НОБ-и Роғун санаи 4 декабри он сол дар вилояти Суғд фурӯши саҳмияҳо барои саҳмгузорӣ дар бунёди Нерӯгоҳи Роғун дар вилоят басо фаъолона сурат гирифт. Мардум барои ҳарчӣ зудтар раҳоӣ ёфтан аз торикӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро бо умеду орзуҳо хуб хариданд. Ҳатто буданд нафароне, ки маблағи барои сафари Каъбатуллоҳ пасандоз кардаашонро барои харидани саҳмия сарф карданд. Нафаре аз онҳо сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирзодаврон Рашидов буд, ки дар ин бора дар шумораи № 101-уми рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» хабар бо расми ин марди хайрхоҳ интишор ёфтааст.
Ҳар шумораи рўзномаҳои вилоятии «Согдийская правда», «Ҳақиқати Суғд» ва «Суғд ҳақиқат» маводҳои ҷолибро ҷиҳати ҳамовозӣ ба муроҷиати Пешвои муаззами миллат ба тавсиб мерасониданд. Аҳли қалами ҳавзаи адабии Хуҷанд низ ҷонибдори комили ташаббуси Роҳбари давлат буда, онҳо низ аз бунёди Роғун орзуву умеди калон доштанд. Масалан, шоираи зиндаёд Норинисо дар як шеъри худ гуфтааст:
Нури раҳмон ба мо аз нури Роғун мерасад,
Юсуфи сон ба мо аз нури Роғун мерасад.
Шодию хурсандии мо мерасад то бар фалак,
Фазли Яздон ба мо аз нури Роғун мерасад.
Аммо, шоираро дидани ин рӯз насиб накард. Агар дар қайди ҳаёт мебуд, ба сифати корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати расидан ба ин рӯзи нек достоне эҷод мекард. Дар ин бобат шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷмўи мақолаву достонҳоро бахшида ба истиқлолияти энергетик дар шакли китоби алоҳида бо номи «Тоҷикистон нурборон мешавад» аз нашр баровард.
Ҳамин тариқ бино ба гуфти масъулин сабукиҳо дар ҷодаи барқтаъминкунӣ баъди соли 2015-ум рӯи кор омаданд. Охири соли 2017-ум бошад, хабари бардошта шудани маҳдудият кулли мардуми вилоятро шоду мамнун сохт. Соли дуюм аст, ки сокинони вилояти Суғд бо шукргузор аз расидан ба рушноии комил кору зиндагӣ доранд. Албатта, ба истифода додани навбати якуми НОБ-и Роғун умеду орзуи халқро ба ояндаи дурахшон зиёда мегардонад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
журналист

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар сурат: як лаҳзаи таърихии гузоштани қадами нахуст ба истиқлолияти энергетикӣ-ба истифода додани навбати аввали зеристгоҳи барқии «Суғд-500» санаи 23 ноябри соли 2009 аз тарафи роҳбари давлат