АШКИ СӮЗОНИ ДУХТАР

АШКИ СӮЗОНИ ДУХТАР

(Миш – миши ҳамсоязанҳо ҳаққиқат аст)
Аз дуриҳои дур, аз шикофиҳои пастиву баландиҳои роҳ бо дили ғамгин, дарду аламҳои зиёд сухан мегӯям. Илтиҷо дорам ба руҳи поки модарам дуо хонед. Дар ҳаққаш суханони нек гӯед, зеро ӯ зани софдил, покният, боиффат ва покдоман буд, -духтар бо алам сухан мегӯяду мегиряд. Бибиотун Сафиябону ба чашмони аз меҳри модар сернашудаи духтар менигараду ба ҳайрат меояд. Вай ҳамагӣ бистсолаю ғаму андӯҳи зиёд дорад. Духтар ба пирии обӣ шабоҳат дошт. Рангу рӯяш шир барин. Чашмонаш кабуди шаффоф аст. Вале каме сари хамида, чашмони ба гиря моилаш дили бинандаро ба ҳайрат меорад.
-Духтари ширинам! Ин қадар зебоӣ, чӣ ном дорию аз куҷоӣ? Албатта, дар ҳаққи модарат дуои нек мекунам.
-Ман аз шаҳри Исфара омадаам. Номамро ба шумо чӣ тавр изҳор кунам. Саргузаштамро гӯям, ҷигаратон пора-пора мешавад. Дар дилам суханҳои ногуфта бисёр аст. Ҳеҷ кас маро намефаҳмад. Ҳамсояҳо, наздикон, хешу табор, ҳамсабақонам маро бо ангушти ишорат нишон дода, байнашон ким-чиҳо мегӯянд. Ман шарм медорам, сарам хам мешавад. Даҳшат дар тани ларзони ман ҷойгир аст. Гоҳ-гоҳ аз худ бехуд мешавам. Мехоҳам бо тамоми овоз бигирям.
-Духтарам, илоҳо бахтат омад кунад. Ҷойи модарат ҷаннат шавад.
-Аз Худои муттаол илтиҷо дорам, ҷойи модари бечораам ҷаннатулмаъво бошаду руҳи покаш мададгори мо, фарзандон. Падарам Мирзоқобил модарамро даҳшатовар ҷазо дод, ҷисми зебояшро оташ зада сӯзонд. Вай дирӯз аз ҳабс озод шуда омад. Хостем дар ҳавлиамон дуою фотиҳае кунем. Лекин ягон шахси дуогӯӯй барои ба хонаамон омадан ҷуръат накард. Ба фикрам онҳо аз мо ҳазар карданд. Ман чӣ қадарҳо гиря кардам. Шуморо суроғ карда омадам. Бисёр мехоҳам ба шаҳри зебои мо, хонаи мо биёед.
Сафиябонуи бибиотун аз суханони духтар сахт мутаассир гашт ва розӣ шуд, ки ҳамроҳаш ба шаҳри Исфара равад. Ҳамдеҳагон ӯро Гулнорахон гӯён ном бурданд. Симои ҷозибабахшаш ҳар як бинандаро ба ваҷд меоварад.
Баъди омадани бибиотуни хуҷандӣ-Сафиябонуи хушовоз занони ҳамсоя як-як омада гирди дастархон нишастанд. Онҳо хавотирангез ва ба ҳарос ба ҳамдигар нигоҳ мекарданд. Шамъ рӯйи дастархон печида-печида месӯзад. Гулнорахон ба оташ, ба оташе, ки гоҳ сурху гоҳе кабуд метобад, хаёлолуд менигарад. Бибиотун баъди итмоми сувраҳои «Қуръон» дар ҳаққи модари Гулнорахон дуо мекунад. Духтар оҳиста аз сари дастархон меравад. Ҳамсоязан Латофатхола сухан мекунад:
-Ман даҳ сол боз бемории қалб дорам. Аз ҳамон рӯзе, ки ба сари хонаводаи Гулнорахон даҳшат омад, ман беморам. Он лаҳзаи мудҳиш ҳеҷ аз ёдам намеравад. Аввал аз он сӯйи ҳавлӣ овози гиряю нола омад. Ҳайратам афзуд. Модари Гулнорахон зани ботамкин, савобҷӯй, хушқаду қомат, зебосанам ва хушгуфтор буд. Ҳеҷ гоҳ аз ҳавлии онҳо ҷангу ҷанҷол, хархашае намеомад, вале якбора доду гиря баланд шуд. Тозон ба кӯча баромадам. Бинам, ки занеро ба дарахте бо арғамчин баста оташ задаанд. Аланга сӯйи осмон дакка зад. Доду ғиреви Саодатхола ба фалак печида, ҳамроҳи зан дарахти азимҷусса оташ гирифта баланд месӯзад. Мирзоқобил дар даст сатили керосин гаштаву баргашта ба рӯйи зани даргирифта пайваста керосин мепошад. Зан бо аламу дард месӯзаду месӯзад. Аз овози гиряи вай, дарду аламаш бехуд шуда афтодам. Чашм кушоям аз тарафи муқобил Гулнорахон сари луч бо мӯйҳои кушода ба сари модари даргирифта додгӯён омада, доду ғирев мекард. Аз ин манзараи даҳшатангез дилкаф шудам. Баъди се соати ҳодиса ба худ омадам. Инак, даҳ сол аст, ки беморам. Ҳар лаҳза тарс, доду ғиреви ҳамсоягон аз назарам дур намешаванд.
-Албатта, рашк кардан бад асту ҳама ҷоро месӯзонад, -ба гап ҳамроҳ шуд зани калонсоле. Модари Гулнорахон дар беморхона ҳамшираи шафқат шуда кор мекард. Вай зане буд меҳрубон, зебо нармдил. Ҳар бинанда аз ҳусни худодаш лол мешуд. Мирзоқобил нисбати занаш бисёртар рашк мекард. Занро истинтоқ мекард. Зан оҳиста-оҳиста аз шавҳараш дилхунук шуд. Тоқати ба хона омадан надошт. Вақтҳои охир камгап, дамдузд шуда буд, ба кори шабона ҳам меистодагӣ шуд. Аз рӯйи нақлҳояш ҳамин тавр фаҳмида будам, ки ду фарзанд дошта бошад ҳам, лек ба хонааш омадан намехост.
Бисёр дарду ҳасрат кардан мехост. Чашмони барқпошаш лиққӣ об мешуд. Сардухтур ғами ӯро дарк мекард. Бисёр мехост, ки ба дардаш дармон гардад. Ҳамеша аз пайи Саодатхон мешуд. Ба вай меҳрубонӣ мекард. Бо вай бисёр сӯҳбат меорост. Ин рафтори сарвар аз чашмони мардум пинҳон намонд. Гап-гапи мардум ҳар рӯз нав ба нав авҷ мегирифт. Чунин бармеомад, ки гӯё онҳо якдигарро дӯст медоранд. Аз ин суханони беҳуда рашк дар тани шавҳари Саодат аланга мегирад. Мирзоқобил бо ҳар роҳ занашро истинтоқ мекард. Ба вай рӯзи нек нишон намедод. То ба ҳамин дараҷа расид, ки ӯро ҳатто барои ба кор рафтан манъ кард.
Саодатхон ба кор намерафтагӣ шуд. Вай бисёр мехост, ки оилааш тинҷу ором бошад. Мирзоқобил ба ҳеҷ чиз бовар намекард. Пайваста ба завҷаи хушқадду қоматаш рашк мекард. Рӯзе ҳамкоронаш ба хонааш омада, ӯро ба кор даъват карданӣ мешаванд. Аз ин суханон доду ғиреви Мирзоқобил баланд мешавад. Дар рӯ ба рӯйи занаш нишаста ҷангу ҷанҷол кардан мегирад. Сипас ӯро ба дарахт бо арғамчин баста, оташ мезанад. Ҷисми ларзони зан чун шамъи сӯзон бо дарду алам месӯзад…
Гулнорахон дарди танҳоӣ мекашад. Вай ба меҳмонон менигараду бо дарду алами хомӯшношуда ба худ мепечад ва ба нишастагон мегӯяд:
– Ба ҳоли зори дилам кӣ месӯзад? Ба рӯйи кӣ нигарам? Ба рӯйи падари ҷафокорам ё ба чашмони занони ҳангомаҷӯй?! Сина мегӯяд, ки ман танг омадаам, фарёд кун. Чархо фалако мани навраси бистсоларо ба чарх овардӣ. Сол дидан ба ҳар рангест. Метавон ботинан солҳои зиёдеро умр ба сар бурд. Метавон дар ҳаждаҳсолагӣ пир шуд. Гоҳе бароям чунин метобад, ки гӯё панҷоҳ сол боз дар рӯйи замин қадам мегузорам, -мегӯяд Гулнорахон.

Таҳияи Маҳфузабону