Арванд

ҶДММ ТАҚХ «Арванд» дар шаҳри Хуҷанд

“АРВАНД”-бахт, саодат, фаровонӣ ва иққдом аст

Мусоҳиба бо директори кулли ҶДММ ТАҚХ “Арванд” Содиқова Шоира Музаффаровна

-Ҷашни истиқлол моро бо ҳаёти хушбахтона, фаровонӣ ва бахту саодат ошноӣ месозад. Фаъолияти шонздаҳсолаи Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди “Арванд”-ро дар арафаи 27-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуда, пеш аз ҳама дар бораи чӣ нақл кардан мехоҳед?
-“Арванд” – падидаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ба туфайли ваҳдат ва осоиштагӣ дар кишвари мо, соли 2002 аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии ACDI/VOCA ва Ғ SAID ҳамчун лоиҳаи минтақавии «Оид ба маблағ гузории хурд дар водии Фарғ она» таъсис дода шуда буд. Баъдан МДТМ бо номи Фонди Қарзии Хурди «МикроИнвест» расман ба қайд гирифта шуд.
Аз соли 2008 ҳамчун Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд» фаъолият мебарад. Омор нишон медиҳад, ки аз соли 2002, аз вақти ташкилёбиаш то инҷониб, “Арванд” барои беш аз 400 ҳазор мизоҷон хизматрасониҳои молиявӣ пешниҳод намудааст. Имрӯз Арванд соҳиби 66 идораҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди вилояти Суғ д, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аст, ки дар он зиёда аз 800 нафар кормандони пуртаҷриба кору фаъолият мебаранд. Дар давоми 16 соли фаъолият мо ба якчанд бӯҳронҳои иқтисодӣ дучор гашта, онҳоро бо сарбаландӣ паси сар кардем ва “Арванд” ҳамчун ташкилоти босубот ва рушдкунанда ба сӯи оянда қадамҳои устувор мегузорад.
-Фаъолияти имрӯзаи “Арванд” аз кадом хизматрасониҳои молиявӣ иборат аст?
-Намудҳои хизматрасониҳо гуногунанд, аз ҷумла қарздиҳӣ, амонатҳо, интиқоли маблағ , ивази асъор, ҳамчунин хизматрасонии ҳисоббаробаркунии хазинавӣ ва интернет-банкинг.
Қарздиҳӣ яке аз хизматрасониҳои асосии “Арванд” аст, ки аз тарафи мизоҷон фаъолона истифода бурда мешавад. Мо ба соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва барои талаботҳои истеъмоливу харидани манзил қарзгузорӣ менамоем. Сандуқи қарзии “Арванд” имрӯз 268 млн. сомониро ташкил намуда, шумораи мизоҷони фаъол бошад беш аз 39 000 нафарро ташкил медиҳанд.
-Барои рушди кадом соҳаҳои хоҷагии халқ ташкилоти шумо тавассути қарздиҳӣ бештар саҳмгузорӣ менамояд?
-Саҳми мо пеш аз ҳама барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар кишвар калон аст, бо ин мақсад 87,4 млн сомонӣ қарз пешниҳод шудааст. Гуфтан лозим аст, ки қарзҳо барои рушди кишоварзӣ бо фоизҳои муфид, мӯҳлати дароз ва бо пешниҳоди ҷадвали пардохти қулай ва давраи имтиёзнок пешниҳод карда мешавад.
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити атроф ва ҳалли масоили экологӣ “Арванд” лоиҳаи “Климадапт”-ро барои мизоҷон пешандозӣ менамояд. Мақсад аз он қарзгузорӣ барои дастрас намудани технологияҳои инноватсионӣ дар ин самт мебошад. ҶДММ ТАҚХ “Арванд” аз моҳи августи соли 2017 дар доираи лоиҳаи“Климадапт” ба деҳқонон, хоҷагиҳо ва соҳибкорон ба қарздиҳӣ оғ оз намуд. Қарзҳо барои насби обёрии қатрагӣ, барқарорсозии қубурҳои об, насосҳо, кранҳо ва низоми тақсимоти об, анҷом додани тадбирҳои сарфаи энергия, гармкунии девору сақфҳо, иваз кардани дару тирезаҳо, модернизатсияи таҷҳизоти истеҳсолӣ, насби панели офтоб ва амсоли инҳо дода мешаванд.
-Шумораи мизоҷоне, ки суратҳисоби амонатӣ кушода пулҳои худро ба “Арванд” боварӣ намуданд, зиёданд?
-Кам нестанд. Сандуқи амонатии “Арванд” имрӯз зиёда аз 60,6 млн. сомониро ташкил намуда, 29000 мизоҷон аз ин намуди хизматрасонӣ истифода мебаранд. Аз тарафи гурӯҳи тренерони ташкилоти мо бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши молиявии мардум ба таври ройгон тренингҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Тавассути гузаронидани аксияҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳо сафи ҳар гуна мизоҷони амонатгузор ҳамасола меафзояд. Соли 2017 зиёда аз 2955 нафар иштирокчиён дар тренинги мазкур ширкат варзиданд. Бояд қайд намуд, ки фоизҳое, ки ба амонатгузорон пешниҳод мешаванд, ҷолиб ва интихобашон фаррох аст. Мизоҷон метавонанд аз 10 намуди амонатгузорӣ барои худ қулайтаринро интихоб намоянд.
-Умуман гирем, мизоҷони мақсадноки “Арванд” киҳоянд?
-Фоизи асосии мизоҷони моро аҳолии даромадаш паст, миёнадошта ва аҳли деҳот ташкил менамояд. Мо ба ҷалби занҳо, инчунин занҳое, ки оиларо бо сабабҳои гуногун танҳо сарварӣ менамоянд, аҳамияти хоса медиҳем. Имрӯз 43 фоизи шумораи мизоҷонро занҳо ташкил менамоянд, ки бештар бо соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ машғ ул мебошанд.Дар номгӯи хизматрасониҳои молиявии мо намудҳои махсус барои занҳо тартиб ва пешниҳод мешуда, ки дар худ имтиёзҳои хоса дорад, низ ҳастанд.
-“Арванд”-ро дар бозори молия чун ташкилоти инноватсионӣ ном мебаранд,аз кадом лиҳоз?
-Шояд барои он, ки “Арванд” ҳамеша дар ҷустуҷӯи технологияҳои нав,роҳҳои роҳбарии нав, хизматрасониҳо ва лоиҳаҳои нав аст. Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои мизоҷонамон саҳни фарохи фаъолиятро муҳайё намоем. Аз ин рӯ пайваста навгониҳои бозори ҷаҳониро меомӯзем, шаклҳои нави корбариро дар байни мардум, аз ҷумла соҳибкории инклюзивиро меомӯзем, тадқиқотҳо мебарем. Баҳри он саъю кӯшиш менамоем, ки ҳам дар самти молия ва ҳам техникаву технологияҳо дар бозори кишварамон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғ ол намоем. Барои осон ва қулай гардонидани пешниҳоди хизматрасонӣ ба мизоҷон дар ташкилот Интернетбонкинг ҷорӣ гардид. Инчунин бояд қайд намуд, ки акнун мизоҷон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд 24 соат аз хизматрасониҳои молиявии ташкилоти мо истифода намоянд ва мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик чунин хизматрасониро ба таври фаррох ба аҳолӣ пешниҳод кунем. Инчунин тавре ба ҳамагон маълум аст, дар ҷумҳурӣ “Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. “Арванд” низ баҳри рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ саҳми худро гузошта, барои мизоҷон меъёри фоизии қарзии “ҳунармандӣ ва сайёҳӣ”-ро тасдиқ ва дар тамоми ҷамъият ҷорӣ намудааст.
-Таманниёти Шумо дар Рӯзи истиқлол?
-Ба тамоми мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан муборакбод мегӯям. Осоишу ободии мо-ҳама самараи ҳамин истиқлолият ва ваҳдат аст. Бигузор истиқлолият, сулҳу ваҳдати мо поянда бошад!

Сӯҳбатнигор Fуломҷон САИДОВ